Алюмосиликатҳо — гурӯҳи минералҳои тавлидкунандаи ҷинсҳои кӯҳӣ ва хок. Пайвастҳои мураккаби алюминий ва силитсий, ки дар таркибашон катионҳои металлҳои ишқорӣ ва ишқоризаминӣ доранд. Аз нигоҳи химиявӣ намакҳои комплексии кислотаҳои полисилитсий мебошанд. Алюмосиликатҳо дар табиат фаровонанд. Ба Алюмосиликатҳо шпатҳои даштӣ, абрақҳо, минералҳои гилӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Шпатҳои даштӣ дар кулолӣ, истеҳсоли шиша ва маҳсулоти сафолӣ, дар тавлиди семент ва бо мақсади ороишӣ истифода мешаванд. Абрақҳо диэлектриканд ва дар техника, радиосозӣ, авиатсия ба кор мераванд. Минералҳои гилӣ дар саноати тавлиди зарфҳои оташбардор, хишт ва ҳамчун адсорбент истифода мегарданд. Албит Na[AlSi3O8], анортит Ca[Al2Si2O8], ортоклаз K[AlSi3O8] аз ҷумлаи Алюмосиликатҳо мебошанд. Алюмосиликатҳои натрий ва калий барои ширеш кардани коғаз ва ранг намудани матоъ истифода мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шретер В., Химия, М., 1989; Идрисов Т., Кимиёи аносир (элементҳо), Д., 2004.

Сарчашма вироиш