Сураи Аъроф
Аъроф (араб. الأعراف — баландиҳо) — ҳафтум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз а206 оят ва 24 рукӯъ иборат аст. Ба тартиби нузул сураи 87 мебошад. Номи Аъроф аз ояти 46 гирифта шудааст.
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | баландиҳо |
Номҳои дигар | Алиф-лом-мим-сод |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Тартиби нозил | 39 |
Омор | |
Рақами сура | 7 |
Шумораи оятҳо | 206 |
Ҷузъ | 8—9 |
Ҳизб | 16—18 |
Шумораи рукӯъ | 24 |
Шумораи саҷда | 1 (оят 206) |
Шумораи калима | 3825 |
Шумораи ҳарф | 13877 |
Сураи гузашта | Анъом |
Сураи раванд | Анфол |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Мундариҷа
вироишДар оғоз ҳуруфи муқаттааи Алиф, Лом, Мим, С дорад. Аърофро ба панҷ қисм тақсим кардаанд: 1) қиссаи Одам (а), ӯ саҷда кардани фариштагон, саркашии Шайтон, бо васвасаи ӯ аз биҳишт берун шудани Одам (а), огоҳиҳо ва муждаҳо ба фарзандони Одам (а), аҳволи аҳли биҳишт, дӯзах ва аъроф (1–56); 2) баёни қиссаҳои пайғамбарони пешин (а) ва қавмҳои онҳо – Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуайб (57–100); 3) баёни қиссаи Мусову Ҳорун (а) ва Фиръавн ва оқибати кори банӣ Исроил, фарҷоми кори Фиръавну қавми ӯ, қиссаи Сомирӣ ва гӯсолапарастии банӣ Исроил, зикри таҷаллии Худо ба кӯҳ (101–173); 4) қиссаи Балъами Боур (176–185); 5) баёни растохез ва нишонаҳои он (186–206). Дар сураи Аъроф оятҳое дар хусуси пайравӣ кардан ба Китоб (Қуръон), аҳволи мардуми шаҳрҳои нобудкардашуда, усули ақоид, ҳарому ҳалол, сифоти пайғамбар (с) (ибораи маъруфи «набии уммӣ» дар ҳамин сура, оятҳои 157 ва 158 зикр шудааст), рисолати пайғамбар (с) барои оламиён, номҳои некӯи Худо, офариниши нахустин, хондан ва шунидани оятҳои Қуръон оварда шудаанд. Дар ояти 143 ба Мусо (а) «лан таронӣ» (маро нахоҳӣ дид) гуфтани Худо дарҷ аст. Дар тафсири ин оят сунниёну шииён ихтилофи назар доранд, ки аз масъалаи доманадори «дидани Худо» маншаъ гирифтааст. Ҳамчунин дар ояти 172 паймоне, ки аз фарзандони Одам (а) гирифта шудааст, баён меёбад ва дар он «аласту би Раббикум» (оё Парвардгори шумо нестам) зикр шудааст. Ин паймонро «аҳди аласт» мегӯянд ва мавриди таваҷҷуҳи олимон, бахусус мутафаккирону адибони суфия қарор гирифтааст. Дар ояти 206 саҷдаи аввалини тиловат ҳаст.
كِتَابٌ أُنْزِلَ إِلَيْكَ فَلَا يَكُنْ فِي صَدْرِكَ حَرَجٌ مِنْهُ لِتُنْذِرَ بِهِ وَذِكْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ اتَّبِعُوا مَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ مِنْ رَبِّكُمْ وَلَا تَتَّبِعُوا مِنْ دُونِهِ أَوْلِيَاءَ ۗ قَلِيلًا مَا تَذَكَّرُونَ وَكَمْ مِنْ قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا فَجَاءَهَا بَأْسُنَا بَيَاتًا أَوْ هُمْ قَائِلُونَ فَمَا كَانَ دَعْوَاهُمْ إِذْ جَاءَهُمْ بَأْسُنَا إِلَّا أَنْ قَالُوا إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ فَلَنَسْأَلَنَّ الَّذِينَ أُرْسِلَ إِلَيْهِمْ وَلَنَسْأَلَنَّ الْمُرْسَلِينَ فَلَنَقُصَّنَّ عَلَيْهِمْ بِعِلْمٍ ۖ وَمَا كُنَّا غَائِبِينَ
Тафсир
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Аъроф / М. Умаров, Ш. Абдуллоев // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Сураи Аъроф — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
Сураи қаблӣ: Анъом | Сура 7 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Анфол |
Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |