Амалгаматсия дар металлургия — усули аз маъдани реза ё рег бо ёрии симоб ҷудо карда гирифтани металлҳои асил (тило, нуқра, платина ва ғайра).

Ҳангоми маъданро бо симоб тар кардан металл ба симоб мечаспад ва амалгама ҳосил мешавад. Бо чунин тарз металлҳоро аз ҷинсҳои бегона ва рег ҷудо мекунанд. Баъди тафсондани амалгама симоб буғ шуда, металл боқӣ мемонад. Амалгаматтсияро барои аз нав кор кардани партови металлҳои сабук, бо усули электрикӣ ҳосил кардани металлҳои нодир ва ғайра низ истифода мебаранд.

Сарчашма

вироиш