Амалиёт (равоншиносӣ)
Амалиёт — дар психология кирдору рафтори ҳадафманди фаъолияти инсонӣ, ки дар асоси мароми муайян танзим мешавад ва барои ба даст даровардани мақсади муайян нигаронида шудааст.
Мафҳуми малиётро чун воҳиди фаъолият А. Н. Леонтев ҷорӣ кардааст. Барои ба охир расондани фаъолиятҳои мураккаб якчанд малиётро иҷро кардан зарур аст. Амалиёт. бар хилофи фаъолият дорои мароми мустақил набуда, ба мароми он фаъолияте итоат мекунад, ки ба таркиби он дохил мешавад. Мустақилияти амалиёт дар он ифода меёбад, ки худи ҳамон як амалиёт дар таркиби фаъолиятҳои гуногун дида мешавад. Вобаста аз пайдоиш ду намуди амалиётро ҷудо мекунанд: мувофиқшавӣ (хӯгирӣ) ва бошуурона. Амалиётҳои мувофиқшавӣ ба дараҷаи баланди таассур тааллуқ доранд ва дар сохтори фаъолият аз ҷиҳати зина пасттарин мебошанд. Онҳо дар раванди тақлиди беихтиёрона пайдо мешаванд (масалан, мутобиқшавии кӯдак ба муҳити забонӣ, ки дар натиҷаи он шаклҳои мухталифи грамматикӣ ҳазм ва барои робитаи забонӣ истифода мешаванд).
Амалиётҳои мувофиқшавӣ
вироишАмалиётҳои мувофиқшавӣ бо се нишона тавсиф меёбанд:
- аз рӯи тарзи танзим беихтиёранд;
- аз рӯи дараҷаи инъикос аз ибтидо қобили дарк нестанд;
- аз рӯи суръати инкишофи гузариш карахту кунданд.
Амалиётҳои бошуурона натиҷаи ҳаракатҳои худ ба худ пайдошаванда мебошанд. Дар натиҷаи якчанд маротиба такрор ёфтани ягон ҳаракат (масалан, ҳангоми омӯзондани рондани мошин ё хатнависӣ) мазмуни он барои субъект даркшаванда буда, дар сохтори ҳаракати мураккабтар ҷойи шарти иҷрои онро ишғол менамояд. Дар натиҷаи тағйир ёфтани ҷойи ҳадаф дар сохтори ҳаракат, дигаргуншавии ҳадаф ҳангоми ҳаракати беихтиёр баамаломада ин ҳаракат ба ҳаракати бошуурона табдил меёбад. Нишонаҳои асосии амалиётҳои бошуурона: аз рӯи тарзи танзим ба майли худ назоратшавандаанд; аз рӯи дараҷаи инъикос дуюмбора даркнашавандаанд (вале ҳангоми рӯй додани мушкилот дар рафти баамалбарории онҳо метавонанд қобили дарк бошанд); аз рӯи суръати инкишофи гузариш гиро ва бесуботанд. Вобаста ба ҳодисаҳои психикие, ки дар тарзи амалиёт бартарӣ пайдо мекунанд, амалиётҳои зерин фарқ карда мешаванд: ҳиссӣ, ҳаракатӣ, иродавӣ, фикрӣ, бахотиргирӣ.
Субъекти амалиёт унсури ибтидоии сохтори амалиёти иҷтимоӣ буда, метавонад фардӣ ва коллективӣ, ягона ва бисёр бошад. Субъектҳо вобаста ба муносибати худ ба амалиёти шурӯъшуда ва дараҷаи иштироки субъект дар он ба се дараҷа ҷудо мешаванд.
- Фард объекти дараҷаи якум аст.
- Давлат, ташкилот ва гурӯҳи хурд объектҳои дараҷаи дуюманд.
- Ҷамъият, гурӯҳи калони иҷтимоӣ, миллат ва насл объектҳои дараҷаи сеюм мебошанд..
Воҳиди амалиёт ҳаракати ҷудогона мебошад. Амалиётҳои ҷудогона дар як занҷир муттаҳид шуда, рӯз ба рӯз такрор ёфта, фаъолиятро ташкил медиҳанд. Амалиёт воҳиди фаъолият аст. Амалиёт ва фаъолият танҳо ба одам хос мебошанд. Рафтор маҷмӯи ҳаракатҳо, амал (кор) ва амалиёти одам мебошад, ки онҳоро одамони дигар мушоҳида карда метавонанд. Фаъолият дар тафовут аз рафтор метавонад ботинӣ ва зоҳирӣ бошад. Рафтор ҳамеша шакли зоҳирии зуҳуроти фаъолият, фаъолияти бевосита мушоҳидашаванда аст.
Назарияи классикии амалиёти иҷтимоиро, ки ба ташаккули сотсиологияи ҷаҳонӣ таъсир расонд, охири садаи XIX – аввали садаи XX М. Вебер бунёд гузошт. Ба ақидаи ӯ меъёрҳои асосии амалиёти иҷтимоӣ:
- а) далелнокӣ,
- б) майл ба дигарон мебошанд.
Майли бошууронаи субъекти амалиётро ба амали дигар иштирокдорон нисбат ба рафтори ӯ М. Вебер бо ёрии мафҳуми «интизорӣ» муайян намудааст. Зимнан Вебер эътироф кардааст, ки байни тамоюли бошуурона ва бешууронаи фард ба рафтори одамон танҳо аз ҷиҳати назариявӣ сарҳади аниқ гузоштан мумкин аст.
Илми ахлоқ ба сифати амалиёти фардии мустақил, одатан, рафтореро баррасӣ менамояд, ки он ба натиҷаи муайяну намоёни ҷамъиятӣ меоварад, дорои арзиши ахлоқии мусбат ва манфӣ мебошад. Рафторҳое, ки табиати сирф физиологӣ доранд, рафторҳои ахлоқӣ нестанд. Амалиёт рафтори иҷтимоие мебошад, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дорад (ёрӣ расондан, иҷрои ваъда, корнамоии меҳнатӣ, фиреб, дуздӣ, хиёнат). Маҳз ҷиҳати иҷтимоӣ ва аҳамияти амалиёт мазмуни онро ифода мекунад, ки он бо талаботи ахлоқӣ муайян ва арзёбӣ мегардад. Рафторҳое, ки барои иҷрояшон инсон масъул нест, амалиёти ахлоқӣ намебошанд; рафторҳои беихтиёр амалигашта (масалан, дар ҳолати гипноз, бехудӣ, хурдсолӣ) ва таҳти таъсири қувваҳои ҷисмонӣ баамаломада. Гоҳо чунин пиндошта мешавад, ки инсон барои рафтори дар ҳолати маҷбурӣ, зери хавфи марг ба ҷо овардааш масъул нест. Вале баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки инсон бояд баҳри манфиати ҷамъият худро қурбон кунад ва маргро аз вайрон кардани қарзи ҷамъиятии худ афзалтар шуморад. Дар амалиёт лаҳзаҳои зерин бояд ба эътибор гирифта шаванд: мақсад, ки барои амалишавӣ амалиёт ба он тобеъ аст; истифодаи васоити мавҷуда; ҷиҳати иродавӣ (маром) ва бартарафсозии монеаҳо, иктисоби ҳамон як натиҷае, ки бо табиати худи амалиёт пешбинӣ шудааст; ниҳоят, натиҷа (оқибат), ки амалиёт дар натиҷаи ҳамкориаш бо шароити беруна ба он оварда мерасонад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вебер М., Основные социологические понятия, М., 1990;
- Парсонс Т., О структуре социального действия, М., 2002.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.