Амбун — ченаки асосии вазн ва масоҳати Помири Ғарбии асрҳои миёна.

Маълумот

вироиш

Дар аввали садаи XIX амбун дар Рӯшон баробари 4 кафч, ё 24 растай, ё 1 вилоғ (78 — 79 кг) баробар буд. Пас аз ҳамроҳ шудани Помир ба Русия, барои мутобиқгардонии ченакҳои маҳаллӣ бо русӣ ва ҷиҳати рушди савдо, амбунро сунъӣ ба 6 пуди русӣ (96—98 кг) баробар карданд. Дар Шуғнон амбунро аз 96 то 144 кг қимат дошт. Баъзе муҳаққиқон амбунро баробари 80 кг муайян кардаанд.

Сарчашма

вироиш