Амиралии Юзтегин
Амиралии Юзтегин (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири форс-тоҷик (а. 11).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Аз шоирони дарбори Ғазнавиён буд. Намунаҳои осораш, ки бештар ғазаланд, ба тавассути тазкираҳо ва асарҳои адабиётшиносӣ («Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашиди Ватвот, «Ал-Мӯъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ ва ғайра) боқӣ мондаанд. Дар «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» абёти зерини Амиралии Юзтегин оид ба санъати мақлуб оварда шудаанд:
- Мираки Синост нек чобуку барно,
- Ҳар чӣ гӯяд, зариф гӯяду зебо.
- Ҳаст аниси карим в-ар нашносӣ,
- Зуд бихон вожгуна Мираки Сино.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.