Раҷабмад Амиров
Раҷабмад Амиров (28 апрели 1954, деҳаи Балучои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 26 майи 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — давлатмарди тоҷик, номзади илмҳои педагогика (1983), профессор (1992), Арбоби Ҳунари Тоҷикистон (1997), узви вобастаи Академияи байнулмилалии иттилоот (1999). Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004—2007).
Таърихи таваллуд | 28 апрел 1954 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 26 май 2021 (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1974) |
Ҷоизаҳо | медалҳои «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон (1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии «Мин-он» Ҷопон (2005), «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ» (2003) |
Зиндагинома
вироишСоли 1974 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1977 хидмати ҳарбиро дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон адо намудааст.
Корнома
вироишМуаллими кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии ДДСТ (1977—1979), аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Ленинград ба номи Н. Крупская (1979—1982), муаллими калони кафедраи маданӣ-маърифатӣ (1984), декани факултети корҳои маданӣ-маърифатӣ (1984—1989), ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1989—1990) ва ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1990—2001), муовини аввали Вазири фарҳанги ҶТ (2001—2004), Вазири фарҳанги ҶТ (2004—2007), ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов (2007—2014). Аз соли 2014 ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши илм ва робитаҳои байнулмилалӣ буд[1].
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 100 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг. Раҷабмад амиров дар таҳияи Қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг», «Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг», «Назарияи рушди фарҳанги Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи эстетикии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намудааст.
Раҷабмад Амиров муаллифи якчанд лоиҳаи байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили Ҷашнвораи байнулмилалии «Садои дилҳо», Ҷашнвораи байнулмилалии «Фалак», Ҷашнвораи байнулмилалии мусиқӣ таҳти унвони «Садои дилрабои Арғунун (соли 2017)» мебошад, ки дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ доир гардиданд.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
вироишНамояндаи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Душанбе (солҳои 1990—1995) ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (солҳои 2001—2005) буд. Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Туркия (аз соли 1998), Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ (аз соли 2012 то 2021) буд.
Ҷоизаҳо
вироишРаҷабмад Амиров бо медалҳои «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон (1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии «Мин-он» Ҷопон (2005), «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ» (2003) ва ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи II, соли 2005) қадрдонӣ шудааст.
Осор
вироиш- Методика подготовки клубного сценария: Методические советы работникам клубных учреждений, Д., 1980;
- Эҷодиёти дастаҳои ҳаваскорони санъат дар маишат, оила ва ҷои зист, Д., 1983;
- Республиканская комплексная программа эстетического воспитания населения Таджикской ССР, Д., 1989;
- Истиқлоли фарҳангӣ, Д., 2001; Бозтоби фарҳанг, Д., 2005;
- Фарҳанг дар ташаккули маънавиёт, Д., 2005.
Даргузашт
вироишРаҷабмад Амиров 26 майи 2021 дар синни 67-солагӣ, бар асари беморӣ даргузашт[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Маҳфили «Нури маърифат» бахшида ба 45-солагии фаъолияти Раҷабмад Амиров. vfarhang.tj. 26 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2021.
- ↑ Даргузашти вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон Раҷабмад Амиров. asiaplustj.info. Новости Таджикистана ASIA-Plus. 26 май 2021 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Амиров Раҷабмад // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |