Аммон
Аммон ( ар. عمان) — пойтахт ва шаҳри бузургтарини Урдун. Дар замонҳои қадим он Раббат-Аммон, дар давраи эллинистӣ-румӣ - Филаделфия ном дошт. Дар асрҳои 7 - 9 он як қисми Хилофати Араб буд. Аз соли 1516 то охири Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ - қисми мулки тобеъи империяи Усмонӣ буд.
Шаҳр, пойтахти Урдун | |||
ар. عمان | |||
|
|||
31°57′00″ с. ш. 35°55′00″ в. д.HGЯO | |||
Кишвар | |||
Муҳафаза | Аммон | ||
Роҳбар | Yousef Shawarbeh[d] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таъсис | асри XIII | ||
Аввалин номбарӣ | асри XIII | ||
Номҳои пешина | Раббат-Аммон, Филаделфия | ||
Масоҳат | 1680 км² | ||
Баландии марказ | 776 м[3] | ||
Навъи иқлим | субтропикӣ | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+2:02 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | 1 812 059[2] тан (2015) | ||
Зичӣ | 1079 тан/км² | ||
Миллият | амманӣ, амманиҳо | ||
Эътиқодот | мусулмонон, масеҳиён, дигар динҳо | ||
Забони расмӣ | арабӣ | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | 962 | ||
Нишонаи почта | 11110–17198 | ||
ammancity.gov.jo Шаблон:Ref-арабӣ | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишДар асри XIII пеш аз милод шаҳри Амман (дар гузашта Раббот-Аммон номида мешуд) пойтахти салтанати Амман буд. Баъдтар ин қаламрав аз ҷониби ашшуриёни қадим, форсҳо ва юнониҳо забт карда шуда буд. Птолемей II, ҳокими юнонии Миср, онро Филаделфия номидааст. Шаҳр то соли 106 милодӣ, замоне ки Филаделфия таҳти назорати Рум қарор гирифт ва ба Декаполис ҳамроҳ шуд.
Соли 326 милодӣ Масеҳият дини асосии империяи Византия гардид ва Филаделфия дар аввали ҳукмронии Византия ҷойгоҳи масеҳиятро ташкил дод. Яке аз калисоҳои ин давра дар қалъаи шаҳр ҷойгир аст.
Филаделфия дар давраи ҳукмронии Ҳасаниҳо шаҳр Амман номгузорӣ карда шуд. Шаҳрро дар натиҷи якчанд заминҷунбӣ ва офатҳои табиӣ хароб гардид ва то соли 1887 як шаҳри хурд ва тӯдаи харобаҳо боқӣ монд. Тағйироти куллӣ, вақте ки Султони импорутурии усмонӣ ба сохтани роҳи оҳани "Ҳиҷоз», ки Димишқ ва Мадинаро тавассути Амман мепайвандад рӯй дод. Роҳ мушкилотро барои зиёраткунандагони ҳарсолаи Ҳаҷ ва барои тақвияти тиҷорати доимӣ осон гардонид.
Ҷуғрофӣ ва иқлим
вироишШаҳр дар 35 км шимолу шарқи баҳри Мурда, 110 км шарқтар аз Баҳри Миёназамин ва 65 км шарқтар аз Байтулмуқаддас ҷойгир аст.
Шаҳр дар ҳафт теппае ҷойгир аст, ки дар он парчами Урдун бо ситораи ҳафткунҷа тасвир ёфтааст.
Иқлими Амман ба Баҳри Миёназамин наздик аст, аммо бештар континенталӣ аст. Баландӣ аз сатҳи баҳр (773 м) низ таъсир мерасонад. Ҳама бориш дар фасли зимистон рӯй медиҳад, дар зимистон аксар вақт барф меборад ва сардиҳои шадид зиёданд. Тумани сахт дар шаҳр зуд-зуд рух медиҳад.
Ҷойҳои тамошобоб
вироишОсорхонаҳо
- Осорхонаи бостоншиносии Урдун
- Осорхонаи анъанаҳои халқии Урдун
- Осорхонаи фолклории Урдун
- Осорхонаи бостоншиносии Донишгоҳи Урдун
- Осорхонаи Антропологии Донишгоҳи Урдун
- Осорхонаи тангашиносӣ / Бонки марказии Урдун
- Осорхонаи автомобилии шоҳона
Харобаҳо
- Қалъаи Ҷебел (Қалъаи кӯҳӣ)
- Амфитеатр барои 6000 тамошобин
Иқтисод
вироишШаҳр як маркази муҳими саноатӣ мебошад. Инҷо соҳаҳои мутамарказонидашудаи коркарди озуқаворӣ, семент, равғани, саноати бофандагӣ ва тамоку вуҷуд надорад [4].
Як фурудгоҳи байналмилалӣ мавҷуд аст. Дар наздикии Амман дафтари марказии Бонки Араб ҷойгир аст.
Аҳолӣ
вироиш
|
Варзиш
вироишСоли 2009 чемпионати ҷаҳон оид ба кросс баргузор гардид.
Нигораҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ DST News - Jordan will shift to the Winter time on December 20 2013
- ↑ Jordan: Governorates, Major Cities & Urban Localities(англ.). CityPopulation.de (9 April 2018). — The population of the governorates of Jordan according to census results and latest offcial estimates. 7 марти 2019 санҷида шуд.
- ↑ https://it-ch.topographic-map.com/map-tg5fdn/Amman/?zoom=19¢er=31.94574%2C35.92393&popup=31.94579%2C35.92395
- ↑ Амман / Большая советская энциклопедия. — М.: Советская энциклопедия. 1969—1978.
Адабиёт
вироиш- Густерин П. В. Города Арабского Востока. — М.: Восток—Запад, 2007. — 352 с. — (Энциклопедический справочник). — 2000 экз. — ISBN 978-5-478-00729-4.