Аммиакоб
Аммиакоб (гидрооксиди аммоний, спирти навшодир), NH4OH — маҳлули 18 — 25%-и аммиак.
Общие | |
---|---|
Систематическое наименование |
Гидрат аммиака |
Традиционные названия | Гидроксид аммония, гидрат окиси аммония, аммиачная вода, едкий аммоний, едкий аммиак |
Хим. формула | NH3·H2O |
Физические свойства | |
Состояние | жидкость |
Молярная масса | 35,04595 г/моль |
Плотность | Шаблон:Физ.величина |
Таснифот | |
Рег. номер CAS | 1336-21-6 |
Безопасность | |
Токсичность | |
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного. |
Аммиакобро дар натиҷаи дар об ҳал намудани аммиаки синтезӣ ё аммиаки газҳои саноати коксохимия, ҳангоми коксонидани ангишт ҳосил мекунанд. Аммиакоби аз газҳои саноати коксохимия ҳосилшуда ба ғайр аз аммиак омехтаи гази карбонат (70 — 100 г/л), сулфиди гидроген (30 — 50 г/л), каме пайвастҳои сианидӣ низ дорад. Аммиакобро чун нурӣ пеш аз кишти баҳорӣ ва тирамоҳӣ, инчунин тирамоҳ бо мақсади ҳосили баҳорӣ мепошанд. Онро дар зарфҳои шишагини сиёҳ нигоҳ доштан лозим.
Корбурд
вироишАммиакобро барои истеҳсоли сода, дар саноати синтези пайвастҳои органикӣ, барои аммононии хӯроки чорво ва ғ. истифода мебаранд. Дар шаробкашӣ ба сифати ангезаи афзоиши моя, ҳангоми истеҳсоли херес, дар энохимия барои муайян кардани нитрогени аминӣ, калсий ва магний ба кор меравад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |