Амонқара
Амонқара (лот. Ungernia victoris), зевак, ҷавак, ҷавзак — гиёҳест бисёрсола.
Амонқара | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Ungernia.
|
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
Ungernia victoris Vved. ex Artjush. | ||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишБарги дарози тасмашакл, хӯшагули чатрнамо, гули зангӯла ё қифшакли зард, ғӯзаи сепарраи сертухм, тухми калони сиёҳтоб дорад. Авг. – сент. гул карда тухм мебандад. Амонқара дар нишебиҳои кӯҳу хоктеппаҳо (2000 – 3000 м аз с. б.) мерӯяд.
Корбурд дар тиб
вироишДар тибби халқӣ пиёзаки дар хокистар пухтаи амонқараро ба ҳафтпӯст ва думбал мебанданд. Пиёзак, реша, барг ва меваи амонқара алкалоид (галантамин, гиппеастрин, ликорин, панкратин ва ғайра) дорад. Дар амалияи тибби муосир гибромиди галантамин воситаи хубест барои табобати ихтилоли тағзия (дистрофия), фалаҷ, сусткамарӣ, иллати системаи асаб ва радикулит (дарди қуян).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Сарчашма
вироиш- Амонқара // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.