Ана́мнез (аз юн. ἀνάμνησις — хотира, ёддошт) — собиқаи ҳоли тиббӣ, маълумот роҷеъ ба шароити ҳаёт ва таърихи беморӣ, ки онро худи бемор ва ё шахсони бо ӯ шинос ба духтур баён мекунанд.

Анамнез яке аз усулҳои муҳимтарини тадқиқот буда, имкон медиҳад, ки беморӣ дуруст ташхис карда шавад. Анамнез шикояту эҳсоси бемор, маълумот оид ба ибтидои беморӣ ва ҷараёни минбаъдаи он, ҳаёти пеш аз беморӣ, ирсият, бемориҳои аз cap гузаронида, вазъияти оилавӣ, одатҳои бад (майпарастӣ, тамокукашӣ ва ғайра), шароити зиндагию меҳнат ва ғайраро дар бар мегирад. Анамнези умумӣ ва анамнези хоси бемориро фарқ мекунанд. Ба анамнези умумӣ маълумоти зерин тааллуқ доранд: бемориҳои волидон ва хешу ақрабо (бемориҳои ирсӣ, омосҳои саратонӣ, амрози рӯҳӣ, сил, сифилис ва ғайра), тарзи ҳаёт (вазъи оилавӣ, хӯрду хӯрок), ҳаёти ҷинсӣ, шароити кору маишат ва ғ. Ба анамнези хоси беморӣ маълумот роҷеъ ба оғози беморӣ, ҷараён ва табобати он то давраи таҳқиқ мансуб мебошанд. Маълумоти нодуруст боиси ташхиси ғалат ва муолиҷаи бесамари бемор мегардад.

Сарчашма

вироиш