Ана Лусия Домингес

ҳунарпешаи колумбӣ
(Тағйири масир аз Ана Лусия Домингез)

Ана Лусия Домингес Тобон (исп. Ana Lucía Domínguez Tobón); тав. 2 декабр 1983; Богота, Колумбия) — ҳунарпеша ва мудели колумбӣ. Ӯ дар теленовелаҳои Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ менамояд. Ӯро бисёртар барои иҷрои нақш дар силсилафилми машҳури Telemundo «Хашми пинҳон» (Pasión de Gavilanes) мешиносанд.

Ана Лусия Домингес
англ. Ana Lucía Domínguez
Ном ба ҳангоми таваллуд: Ana Lucía Domínguez Tobón
Таърихи таваллуд: 2 декабр 1983(1983-12-02) (40 сол)
Зодгоҳ: Богота, Колумбия
Шаҳрвандӣ:  Колумбия
Касб: ҳунарпеша
мудел
Корнома: 1993-то ҳол
IMDb: ID 0231740
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома ва фаъолияти ҳунарӣ вироиш

Дар кӯдакӣ ӯ орзу дошт, ки як ҷузъи олами синамо шавад. Ҳангоме, ки Маргарита Роза де Франсискоро дар нақши Гавиотаи теленовелаи "Сafe con aroma de Mujer" (Қаҳва бо накҳати зан) мебинад, шавқу ҳавас пайдо намуда мехост ба мисли ӯ ҳунарпеша, рассоми беҳамто ва шоир шавад. Ана Лусия ба худ қавл гузошт то ба ин ҷода қадам гузорад. Ӯ аз синни нӯҳсолагӣ ба сабти таблиғотҳои телевизионӣ шурӯъ кардааст. Аввалин зоҳири ӯ дар телевизион дар теленовелаи De Cabeza Pies буд. Чанде пас, ӯ дар Conjunto Cerrado (Маҷмӯи пӯшида) ҳунарнамоӣ кардааст. "Hermosa Niña" (Духтари зебо) нахустин саҳнаест, ки дар он нақши асосиро бозидааст. Дар саҳнаҳое, ки урён пайдо шуд, хашми мардумро дар тамоми Колумбия овард. Зеро ӯ 15 сол дошт. Ӯро ҳатто ба қаҳрамони достони Лолитаи Владимир Набоков шабеҳ карданд. Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳаёташ ӯ қарор дод, ки ҳунарпешагӣ - барои ӯст.

Нахустнамоиши байналмилалии ӯ дар теленовелаҳои "Gata salvaje" (Гурбаи ваҳшӣ) буд, аммо пас аз ҳунарнамоӣ дар теленовелаи "Эҳсоси пинҳон " (Pasión de gavilanes) бо Марио Симарро, Мишел Браун, Хуан Алфонсо Баптиста, Данна Гарсия, Поала Рей ва Наташа Клаусс ӯ дар сатҳи байналмилал муваффақ шуд. Ана Лусия дар тамоми Амрикои Лотинӣ ва Испониё шуҳрат пайдо намуд ва ҳатто дар муқоваи маҷаллаи машҳури "Interview" (Мусоҳиба) ва маҷаллаи колумбии SoHo бо аксҳои бараҳна пайдо шуд.

Соли 2004 ӯ дар теленовелаи "Te voy a enseñar a querer" (Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам) дар нақши Комила бо Мигел Варонӣ, Данна Гарсия, Мишел Браун, Катрин Сиачоке, Мартин Карпан ва Адриана Кампос ҳунарнамоӣ намудааст.

Ӯ инчунин соли 2009 дар "Madre Luna" бо Ампаро Грисарес, Габриэл Поррас ва Мишел Браун нақш офаридааст.

Соли 2009, ӯ аз тарафи Телемундо барои иҷрои нақши София дар теленовелаи "Perro Amor" ҳамроҳ бо актёри Пуэрто-Рико Карлос Понс ва ҳунарпешаи колумбӣ Морисо Родригес даъват шудааст, ки ба Майами кӯч баст; дар ин силсилафилм ба ӯ имконият пайдо шуд, ки якчанд суруд хонад. Худи ҳамон сол, ӯ дар силсилафилми колумбӣ "El Fantasma del Grand Hotel" ширкат варзид.

Пас аз он ӯ барои шабакаи RCN дар теленовелаи "La traicionera" ҳамроҳи шавҳараш Хорхе Карденас нақш офаридааст.

Соли 2013 ӯ дар теленовелаи Las Bandidas, ки силсилафилм пешниҳоди RTI Producciones барои Televisa ва RCN буда, пурра дар Венесуэла сабт шудааст, нақш бозидааст. Шариконаш дар теленовела ҳунарпешаҳо Марко Мендез аз Мексика ва Даниэла Баскопе, Маржорӣ Магрӣ, Каридад Канелон, Клаудия Ла Гатта аз Венесуэла ва ягон ҳунарпеша аз Пуэрто-Рико Даниэл Луго буданд.

Соли 2015 он барои мавсими дуввуми силсилафилми Telemundo "Señora Acero", ки дар Мексика сабт шудааст пешниҳод шудааст. Ӯ дар миёни ҳунарпешаҳои маъруф Бланко Сото, Литсӣ, Маурисио Ҳенао, Хосе Луис Ресендез нақш бозидааст.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Ана Лусия аз синни 13 солагӣ бо ҳаҷвнигор Давид Алберто Гарсияи 27 сола (14 сол аз худаш бузург) робитаи ошиқона дошта, ҳангоми ба 18 солагӣ даромадан соли 2001 издивоҷ намуданд. Аммо пас аз ду соли оиладоршавӣ онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд.

Соли 2008 ӯ бо сароянда ва ҳунарпеша Хорхе Карденас оиладоршавияшонро эълон намуданд.

Филмнома вироиш

Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
1993 De pies a cabeza Ядира Чакон
1996 Conjunto cerrado Мануела
1998 Hermosa niña Антония Доносо
1999 El fiscal Fancisca "Frica" Lombana
2000 Amor Discos Мирям Изабел Домингюн
2000 Se armó la gorda Ҷаклин Монсалве
2001 El informante en el país de las mercancías Сесилия де Кастро
2002–2003 Gata Salvaje Адриана
2003 Pasión de Gavilanes Либиё Рейез\ Рут Урибе
2004 Te voy a enseñar a querer Camila Buenrostro
2005 Decisiones Алисия Қисмати: "La profesora de química"
2006 El engaño Марсела Гарсия/ Камила Наварро
2006 Amores cruzados Мария Гарсия
2007 Madre Luna Анабел Салдана
2007–2008 Mujeres asesinas Нақши ноаён 2 қисм
2009 El fantasma del Gran Hotel Ирене Бюнавентура
2010 Perro amor София Сантана
2011–2012 La Traicionera Мартина Фигюроа 267 қисм
2013 Las Bandidas Фабиола Мантоя
2014 Misterio's Майра Қисми: "Llamas de sueño"
2015–2019 Señora Acero Марта Моника Виялобой / Тути Нақши марказӣ (мавсимҳои 2–5); 134 қисм
2018 Nicky Jam:El Ganador Роза

Филм вироиш

Сол Номгӯй Нақш
2006 Gringo Wedding Ребека Гонсалез

Театр вироиш

Сол Номгӯй
2010 Un amante a la medida
2002 Estado civil, infiel

Ҷоизаҳо вироиш

Premios India Catalina вироиш

Сол Категория Силсилафилм Натиҷа
2000 Беҳтарин ҳунарпеша дар силсилафилм El fiscal Номзад

Premios TV y Novelas вироиш

Сол Категория Силсилафилм Натиҷа
2000 Беҳтарин ҳунарпеша дар силсилафилм El fiscal Номзад

Premio MARA de Oro (Венесуэла) вироиш

Сол Категория Силсилафилм Натиҷа
2003 Беҳтарин ҳунарпешаи хориҷӣ Pasión de Gavilanes Баранда

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Ana Lucía Domínguez en Colarte

Пайвандҳо вироиш