Катрин Сиачоке
Мария Алехандра Катрин Сиачоке (исп. María Alexandra Catherine Siachoque; тав. 21 январ 1972, Тунха, Колумбия) — ҳунарпеша ва модели колумбӣ. Ӯро бисёртар нақшҳояш дар теленовелаҳо муаррифӣ намудаанд.
англ. Catherine Siachoque | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | María Alexandra Catherine Siachoque |
Таърихи таваллуд: | 21 январ 1972 (52 сол) |
Зодгоҳ: | Тунха, Колумбия |
Шаҳрвандӣ: | Колумбия |
Касб: |
ҳунарпеша мудел |
Корнома: | 1994-то ҳол |
IMDb: | ID 0796171 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишКатрин Сиачоке 21 январи 1972 дар шаҳри Тунхаи Колумбия 130км, дуртар ай пойтахти кишвар шаҳри Богота таваллуд шудааст. Волидонаш Феликс Сиачоке ва Бланко Гейт мебошанд, ки ӯро Кэтӣ садо мезананд. Дар хурдӣ бо муваффақият дар ҳайати дастаи балети театри миллии колумбӣ панҷ сол фаъолият кардааст.
Фаъолият
вироишКатрин баъд аз фаъолияти рақсӣ дар театр, хост то маҳораташро дар синамо санҷад. Соли 1994 дар теленовелаи Mambo нақши хурдакакеро иҷро намуда, фаъолияти ҳунарпешагияш дар силсилафилмҳо оғоз шуд.
Катрин дар як қатор теленовелаҳои Телемундо аз қабили: Pecados ajenos, Tierra de Pasiones, La Venganza, Amantes del Desierto ва силсилафилми Decisiones ҳунарнамоӣ намудааст. Гарчанде ӯ бисёртар нақшҳои рэзолимиро бозида бошад ҳам дар муддати кӯтоҳ дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ шуҳрати бузург ба даст овардааст.
Соли 2004 ӯ дар теленовелаи Te voy a enseñar a querer (Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам) нақши рақиби асосиро бо Мигел Варонӣ, Данна Гарсия, Мишел Браун, Ана Лусия Домингез, Мартин Карпан ва Адриана Кампос бозидааст, ки аз ҷониби мунаққидон ситоиш карда шудааст.
Соли 2010, ӯ дар нақши Сесилия Алтамира дар теленовелаи Телемундо ¿Dónde Está Elisa (Элисо куҷост? ) нақш офаридааст, ки шуҳрати ӯро то ба Осиёи Миёна оварда расонд. Дар ин силсилафилм ӯ бо ҳунарпешаҳои маъруф Габриэл Поррас, Соня Смит, Хорхе Луис Пила, Роберто Матеос ва Маурисио Ҳенао кор кардааст.
Соли 2011, ӯ дар теленовелаи дигаре, ки аз ҷониби Телемундо, La Casa de al Lado таҳия шудааст, нақши мураккабро бозид, ки дар он ӯ хонумеро тасвир мекунад ва шавҳари воқеии ӯ Мигел Варонӣ дар якҷоягӣ бо Морисо Родригес, Габриэл Поррас ва Карла Монроҷ низ нақш офаридаанд.
Дар соли 2014, ӯ бо нақши золимонаи худ дар Reina de Corazónes, бо Паола Нюнес, Эухенио Силер ва Хуан Солер баргашт.
Соли 2016, Катрин дар Sin senos sí hay paraíso нақши Ҳилда Сантанаро бо Фабиан Риос бозидааст.
Ҳаёти шахсӣ
вироишКатрин Сиачоке бо ҳунарпеша ва коргардони аргентинӣ-колумбӣ Мигел Варонӣ оила барпо намуданд. Онҳо ҳангоми банаворгирии силсилафилми Las Juanas шиносоӣ пайдо намуданд, ки ҳарду дар ҷуфти теленовеларо мебозиданд. Соли 1996 пас аз панҷ рӯзи шиносоӣ Мигел ба ӯ изҳори муҳаббат намудааст. Пас аз се моҳ, онҳо якҷоя зиндагӣ карданро оғоз намуда ва моҳи июли соли 1999 издивоҷ намуданд. Катрин ва Мигел яке аз ҷуфтҳои зебо ва қавӣ дар Амрикои Лотинӣ дониста мешаванд.
Филмнома
вироишСол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
1994 | Mambo | Нақши ноаён | |
1995 | Sobrevivir | Нақши ноаён | |
1996 | La sombra del deseo | Лорена Нунез | |
1997 | Las Juanas | Ҷуана Коридод | Нақши асосӣ; 109 қисм |
1998 | La sombra del arco iris | Силвия Стелла | |
1999 | La guerra de las Rosas | Роза Эмилия | Нақши асосӣ; 161 уисм |
2001 | Amantes del desierto | Микаэла Фернандес | Рақиби асосӣ; 110 қисм |
2002 | La venganza | Граззия Фонтана | Рақиби асосӣ; 127 қисм |
2004 | Te voy a enseñar a querer | Дебора | Рақиби асоси; 127 қисм |
2005–2006 | Decisiones | Габриэла/ Морионо Валенсия | Қисми: "Todo queda en la familia" |
Алма | Қисми: "Marcada para siempre" | ||
2006 | Tierra de pasiones | Морисо Ҳернандез | Рақиби асосӣ; 172 қисм |
2007–2008 | Pecados ajenos | Инес Валлехо | Рақиби асосӣ; 167 қисм |
2008–2009 | Sin senos no hay paraíso | Ҳилда Сантана Флорес | Нақши асосӣ; 105 қисм |
2010 | ¿Dónde está Elisa? (Элисо куҷост?) | Сесилия Алтамира | Рақиб; 106 қисм |
2011–2012 | La casa de al lado | Ignacia Conde | Нақши асосӣ; 141 қисм |
2014 | Reina de corazones | Эстафания Перез Ҳидалго | Рақиби асосӣ; 140 қисм |
2016–2019 | Sin senos sí hay paraíso | Ҳилда Сантана | Нақши асосӣ (мавсимҳои 1-4); 299 қисм |
2017 | La Fan | Изобел Пинзон | 2 қисм |
2019 | El final del paraíso | Ҳилдо Сонтоно "Доня Ҳилдо" |
Ҷоизаҳо
вироишСол | Категория | Теленовела | Натиҷа |
---|---|---|---|
2018[1] | Беҳтарин ҳунарпешаи зан дар теленовела ё силсилафилм | Sin senos sí hay paraíso 2 | Номзад |
2017 | Беҳтарин ҳунарпеша дар силсилафилмҳо | Sin senos sí hay paraíso | Номзад |
2005 | Беҳтарин ҳунарпешаи золим дар теленовела | Te voy a enseñar a querer | Номзад |
2004 | La venganza | Баранда | |
2002 | Amantes del desierto | Баранда | |
2001 | La guerra de las Rosas | Номзад | |
1996 | Беҳтарин ҳунарпешаи сол | Sobrevivir | Баранда |
Сол | Категория | Теленовела | Натиҷа |
---|---|---|---|
1998 | Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши манфӣ | Las Juanas | Баранда |
1996 | Беҳтарин ҳунарпешаи сол | Sobrevivir | Баранда |
Сол | Категория | Теленовела | Натиҷа |
---|---|---|---|
2012 | Беҳтарин ҳунарпеша | La casa de al lado | Номзад |
Беҳтарин ҷуфт | Катрин Сиачоке ва Мигел Варонӣ дап La casa de al lado | Номзад |
Эзоҳ
вироиш- ↑ нусхаи бойгонӣ. 10 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 августи 2018.