Мигел Варонӣ
Мигел Варонӣ (исп. Miguel Varoni), номи аслӣ Мигел Америко Белото Варонӣ (исп. Miguel Américo Belloto Gutierrez, тав. 11 декабр 1964, Буэнос Айрес, Аргентина) — ҳунарпеша, коргардон ва барандаи аргентиниву колумбӣ. Яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи теленовелаҳои Амрикои Лотинӣ буда, ҳамсари ҳунарпешаи колумбӣ Катрин Сиачоке мебошад.
исп. Miguel Varoni | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Miguel Américo Belloto Gutiérrez |
Таърихи таваллуд: | 11 декабр 1964 (59 сол) |
Зодгоҳ: | Буэнос Айрес, Аргентина |
Шаҳрвандӣ: | Аргентина |
Касб: |
ҳунарпеша коргардон баранда |
Корнома: | 1986-то ҳол |
IMDb: | ID 0890173 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМигел Варонӣ писари ҳунарпешаи колумбӣ Тереза Гутиеррес ва оҳангсозони аргентинӣ, скрипканавоз ва дирижер Америко Беллото Варонӣ мебошад, ки бо номи Дон Америко маъруф аст. Дар синни чормоҳагӣ, 30 апрели соли 1965, падараш дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ вафот кардааст. Тереза Гутиеррес Аргентинаро тарк карда ба Колумбия баргашт, ки дар он ҷо ҳунарпешаи оянда таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро гирифтааст. Ӯ дебюти худро дар синни дувоздаҳсолагӣ дар намоишномаи Лас Сенорита Гутиеррес иҷро намудааст. Соҳаи ҳунари бадеиро интихоб намуда, номи охирини худро "Варонӣ" истифода бурдааст, ки насаби падараш буд.
Фаъолият
вироишОғози муваффақияти Мигел ҳангоме буд, ки ӯ нақши асосиро Педро Корал дар Pedro el Escamoso бозид. Намоишномаи ӯ дар Колумбия муваффақияти худро ба даст овард ва ба бисёр ҷоизаҳо гирифт, ки дар байни онҳо "TV y Novelas" дар соли 2002 ӯро ҳамчун беҳтарин ҳунарпеша хонд. Ҷоизаи байналмилалии ACE New York ACE дар Ню-Йорк дар соли 2002 ва INTE 2002 U.S.A. барои беҳтарин ҳунарпеша дастрас намуд[1][2].
Мигел Варонӣ дар якчанд намоишномаҳо телевизионӣ бо забони испанӣ ҳунарнамоӣ кардааст, аз ҷумла Los cuervos, La potra zaina, El ángel de piedra ва Las Juanas, ки ҷоизаҳои сершумор бурд намудааст.
Ӯ нақши Алехандро Мендезро дар теленовелаи "Ман ба ту дӯст доштанро меомӯзам" (Te voy a enseñar a querer) бо ҳунарпешаҳои маъруф Данна Гарсия, Мишел Браун, Катрин Сиачоке, Мария Ҳелено Доеринг ва дигарон бозидааст, ки аз тарафи Телемундо таҳия шудааст.
Барои иҷрои ду нақшаш, ҳунарпеша бо ҳамсараш Катрин Сиачоке ба Иёлоти Муттаҳида барои кор бо шабакаи амрикоии Телемундо рафтааст.
Ҳунарпеша инчунин дар авоили солҳои 90-ум дар театри миллӣ дар намоишномаи Trampa mortal (Доми марг)-и Айра Левин ва комедияи мусиқавии Los mosqueteros del rey ҳунарнамоӣ намудааст.
Соли 2009, ӯ нақши золими асосиро дар теленовелаи Más saber el diablo иҷро намудааст. Дар муқобил ҳунарпешаҳо Ҷенкарлос Канела ва Гэбӣ Эспино бозидаанд. Соли 2010 ӯ дар инчунин дар Ojo por ojo нақши золимро дар шарикии Грегорио Перния ва боз ҳамроҳи Гэбӣ Эспино бозидааст. Соли 2011 Мигел дар La casa de al lado, яке аз золимонро, бо Морисо Родригес, Габриэл Поррас, Давид Чокарро ва ҳамсараш Катрин Сиачоке ҳунарнамоӣ намудааст. Соли 2012 ӯ ба теленовелаи бисёрқисмаи Corazón valiente дар нақши золим даъват шудааст. Ҳамситорагонаш Адриана Фонсека, Хосе Луис Ресендез, Айлин Мухика, Химена Дуке ва Фабиан Риос буданд. Соли 2013, ӯ дар Marido ҳамчун золим дар якҷоягӣ Соня Смит, Хуан Солер, Морисо Родригес, Кимберли Дос Рамос ва Габриэл Корелон иштирок кардааст.
Ҳаёти шахсӣ
вироишМигел Варонӣ аввал бо актриса Патрисия Эркол оиладор шудааст, айни замон бо ҳунарпешаи колумбӣ Катрин Сиачоке издивоҷ кардааст. Шиносоии онҳо ҳангоми банаворгирӣ дар як силсилафилм оғоз ёфт, ки дар филм онҳо дар нақши ҷуфтҳои ошиқро бозидаанд, ки ҳиссиёти онҳо дар ҳаёти воқеӣ низ пайдо шуд. Онҳо соли 1996 мулоқот намуда пас аз панҷ рӯз Мигел ба ӯ изҳори муҳаббат намуд. Пас аз се моҳ, онҳо якҷоя зиндагӣ карданро оғоз карданд ва моҳи июли соли 1999 издивоҷ карданд. Катрин ва Мигел яке аз ҷуфтҳои зебо ва қавӣ дар Амрикои Лотинӣ дониста мешаванд.
Филмнома
вироишНомгӯи филмҳо
вироишСол | Ном | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2005 | Mi abuelo, mi papá y yo | Эдуардо | |
2007 | Ladrón que roba a ladrón | Эмилио Лопез | |
2010 | Sin tetas no hay paraíso | Маурисио Контенто | |
2010 | Más sabe el diablo: El primer golpe | Мартин Асеро | |
2015 | Ladrones | Эмилио Санчез |
Силсилафилмҳо
вироишСол | Ном | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
1986 | Gallito Ramírez | Артуро Санклемент | |
1988 | Garzas al amanecer | Чепе Робледо | |
1992 | Inseparables | Хосе Мигел Валензуела | |
1993 | La potra Zaina | Даниэл Клемент | |
1996 | Te dejaré de amar | Эваристо Лариос | |
1997 | Las Juanas | Мигел | |
1998 | La sombra del arco iris | Кристобал Монтенегро | |
2000 | La caponera | Дионисио Пинзон | |
2001 | Pedro el escamoso | Педро Корал Тавера | |
2003 | Como Pedro por su casa | Педро Корал Тавера | |
2006 | Lotería | Адриан | Қисмати: "Dos Evas para un Adan" |
2006-2007 | Seguro y urgente | Мигел Анхел | 24 қисм |
2007 | My Name Is Earl | Хавиер | Қисмати: "Creative Writing" |
2009 | Victorinos | Мартин Асеро | |
2009-2010 | Más sabe el diablo | Мартин Асеро | |
2010 | Ojo por ojo | Нандо Барраган | Нақши марказӣ |
2011-2012 | La casa de al lado | Хавиер Руиз | Нақши марказӣ; 163 қисм |
2012-2013 | Corazón valiente | Исо Матаморос/ Масеҳ | Нақши марказӣ |
2013-2014 | Marido en alquiler | Хосе Салинас | |
2015 | Dueños del paraíso | Леандра Кузада | Нақши марказӣ; 52 қисм |
2017 | La Fan | Ҷастин Кейз | Нақши марказӣ; 103 қисм |
2017–2018 | El Señor de los Cielos | Леандра Кузада | Нақши марказӣ |
2019 | Betty en New York | Худаш |
Театр
вироиш- Trampa mortal (Доми марг)-и Айра Левин (1990)
Театри миллӣ (Teatro Nacional) - Los mosqueteros del rey (1991)
Комедияи мусиқавӣ. Театри миллӣ
Ҷоизаҳо
вироишСол | Категория | Теленовела | Натиҷа |
---|---|---|---|
2012 | Беҳтарин нақши бад | La casa de al lado | Номзад |
2012 | Беҳтарин ҷуфт (бо Катрин Сиачоке) | La casa de al lado | Номзад |
2014 | Беҳтарин нақши бад | Marido en alquiler | Номзад |
2015 | Беҳтарин нақши бад | Dueños del paraíso | Номзад |