Анварпошшо
Исмоил Анвар, маъруф ба Анварпошшо ё (аз аввал) Анварбой (усм. اسماعیل انور پاشا, тур. Enver Paşa; 22 ноябр 1881, Истамбул — 4 августи 1922, деҳаи Обдараи ноҳияи Балҷувон) — сиёсатмадор ва низомии турк, генерал, яке аз сарварони ҳизби «Иттиҳод ва тараққӣ»-и ҷавонтуркон, иштирокчии Инқилоби соли 1908 (алайҳи султон Абдул Ҳамид) ва табаддулоти давлатии апрели 1913-и ҷавонтуркон дар Туркия.
Анварпошшо | |
---|---|
усм. اسماعیل انور پاشا | |
Зодрӯз | 22 ноябр 1881[1][2][3] |
Таърихи даргузашт | 4 август 1922[1][4][2][…] (40 сол) |
Мансубият | |
Солҳои хидмат | Ottoman Army[d] |
Қисм | генерал |
Равобит | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бо лақабҳои «Домоди халифа» ва «Наполеончики турк» машҳур буд.
Зиндагинома
вироишРоҳ ба ҳокимият
вироишСоли 1903 Академияи Штаби генералии Истамбулро хатм кардааст. Моҳи феврали 1914 ба унвони «пошо» (генерал) соҳиб гардида, вазири ҳарбии Туркия таъйин шуд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Туркия буд. Дар сиёсати худ ба пантуркизм ва панисломизм содиқ буда, бо Германия ҳамкорӣ дошт. Моҳи сентябри 1918 дар Боку алайҳи болшевикон мубориза бурда, баъди шикасти Туркия (1918) дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба Германия гурехт. Аз ҳамон вақт ба муқобили ҳаракати миллии озодихоҳии туркҳо мубориза мебурд. Соли 1920 ба Москва омада, бо В. И. Ленин вохӯрд ва худро тарафдори Инқилоб вонамуд кард. Ӯ чун инқилобчии матин 1 сентябри 1920 ба Боку фиристода мешавад. Аммо нақшаҳояш дар он ҷо барор нагирифта, моҳи октябри 1921 ба Ҷумҳурии Халқии Бухоро омад.
Лашкаркашӣ ба Бухоро
вироишДар Бухоро бо қувваҳои зиддишӯравии Осиёи Миёна ва мамолики хориҷ (Афғонистон, Туркия ва ғайра) забон як карда, бо мақсади таъсис додани империяи «Туркияи Бузурги Султонӣ», «Турони бузург» ва «Давлати ягонаи турк» («Улуғ тюркчилик») қотеъона талош намуд. Моҳи ноябри 1921 бо кумаки қувваҳои аксулинқилобӣ ба Бухорои Шарқӣ лашкар кашид, ки он бебарор анҷомид. Баъди муҳосираи Душанбе 22 марти 1922 амири собиқи Бухоро Олимхон Анварпошшоро сарфармондеҳи нерӯҳои аксулинқилобӣ таъйин намуд, ки сабаби норозигии сардори босмачиёни маҳаллӣ Иброҳимбеки лақай гардид. Анварпошшо худро муборизи истиқлол ва озодии мусулмонони Шарқ эълон кард. Ӯ мехост бо ин роҳ қувваҳои зиддишӯравии хориҷӣ ва дастаҳои босмачиёни дохилиро муттаҳид намуда, ба мақсади ниҳоии худ ноил гардад, вале Артиши Сурх бо ёрии меҳнаткашони маҳаллӣ нақшаҳои Анварпошшоро барбод доданд.
Марг
вироишАнварпошшо ҳамроҳи чанд тан ҳаммаслаконаш 4 августи 1922 дар арафаи Иди Қурбон дар задухӯрди назди деҳаи Обдараи минтақаи Кӯлоб ба қатл расид. Ҷасади ӯро дар баландии Чаган ба хок супурданд. Бо ташаббуси расмии Ҳукумати Туркия боқимондаи ҷасади Анварпошшо баъди 74 сол 31 июли 1996 ба Туркия интиқол дода шуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.) — LZMK, 1999. — 9272 с.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
Сарчашма
вироиш- Анварпошшо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.