Карл Дейвид Андерсон
Ка́рл Де́йвид А́ндерсон (англ. Carl David Anderson; 3 сентябри 1905, Ню-Йорк, — 11 январи 1991, Калифорния) — физикдони амрикоӣ.
англ. Carl David Anderson | |
Таърихи таваллуд | 3 сентябр 1905[1][2][3][…] ё 1905 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 11 январ 1991[1][4][2][…] |
Маҳалли даргузашт |
|
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики заррот[d] ва физик |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Вилям Смайт[d] ва Роберт Милликен[d] |
Шогирдон | Доналд Артур Глазер |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Биография
вироишСоли 1927 Донишкадаи технологии Калифорнияро хатм карда, сипас дар худи ҳамон ҷо дарс гуфтааст, аз соли 1939 профессори донишкадаи мазкур.
Таҳқиқот
вироишТаҳқиқоташ асосан ба омӯзиши гамма-афканишот, шуоъҳои рентгенӣ ва кайҳонӣ бахшида шудаанд. Таҳти роҳбарии Р. Милликен ба омӯзиши шуоъҳои кайҳонӣ оғоз кард. Дар натиҷаи таҳқиқот изҳои ғайриоддии зарраи массааш ба массаи электрон баробар ва зарядаш мусбатро ошкор сохт. Ин кашфиёт, ки соли 1932 эълон шуда буд, ақидаҳои назариявии Пол Диракро оид ба мавҷудияти позитрон собит намуд. Андерсон бори аввал мавҷудияти позитронро бо роҳи бо гамма-афканишот нурборон кардани карбиди торий (ThC) ва маводи дигар бевосита исбот кард, ки боиси ба вуҷуд омадани ҷуфтҳои электронию позитронӣ гардиданд. Барои ин кор Андерсон соли 1936 бо Мукофоти Нобел (якҷоя бо В. Ф. Гесс) сарфароз гардид. Ҳамон сол Андерсон бо шогирдаш С. Недермейер мюонро кашф кард, ки солҳои тӯлонӣ бо номи мю-мезон маълум буд. Андерсон дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соҳаи техникаи ракетӣ таҳқиқот бурдааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 4.0 4.1 http://www.britannica.com/EBchecked/topic/23589/Carl-David-Anderson
- ↑ Андерсон Карл Дейвид // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.nytimes.com/1991/01/12/obituaries/carl-anderson-physicist-is-dead-co-discoverer-of-positron-was-85.html
- ↑ http://www.encyclopedia.com/topic/Carl_David_Anderson.aspx
- ↑ 8.0 8.1 Notable Names Database (ингл.) — 2002.
- ↑ http://www.infoplease.com/ipa/A0004637.html
Сарчашма
вироиш- Андерсон, Карл Дейвид // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.