Андрей Бабаев
Андрей Ованесович Бабаев (27.12. 1923, ш. Ленинкан, Арманистон 21.10.1964, ш. Маскав) — оҳангсоз. Консерваторияи давлатии шаҳри Боку (1950) ва аспирантураи Консерваторияи давлатии шаҳри Маскавро (1953) ба итмом расонда, дар муассисаҳои мадании Озарбойҷон кор кардааст. Аз соли 1960 дар Маскав кору зиндагӣ кардааст. Бо «Тоҷикфилм» ҳамкории густурда дошт, барои филмҳои бадеии «Ман бо духтаре вохўрдам», «Дўсти ман Наврўзов», «Оташ дар кўҳсор» «Қисмати шоир», «Оромӣ намешавад», «1002 шаб» мусиқӣ эҷод кардааст.
Андрей Бабаев | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 27 декабр 1923[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 октябр 1964[1] (40 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Сабк | опера |
Ҷоизаҳо |
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 Musicalics (фр.)
- ↑ German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #133467872 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.