Ансамбли рубобчизанон

Ансамбли рубобчизанон — ҳайати эҷодӣ, дастаи санъати сарояндагиву машшоқӣ ва рақсӣ дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев.

ТаърихВироиш

Ансамбли рубобчизанон соли 1940 дар арафаи тайёрӣ ба Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) таъсис ёфта, нахустин ҳайати касбии занон дар соҳаи санъати сарояндагӣ, мусиқӣ ва рақсии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Ҳайати навтаъсиси А.р. қариб ки ҳама шогирдони Айрапетянс Данил Саркисович буданд ва маҳз ба шарофати ӯ духтарон сознавозиро ёд гирифта буданд. Роҳбари мусиқии ансамбл оҳангсоз А. Ёрмуҳаммадов ва роҳбари бадеии он Ҳошим Назаров буданд. Сурудҳои беҳтарини халқӣ асоси барномаҳои ибтидоии ансамбли рубобчизанонро ташкил медоданд. Б. Аҳмадова, Р. Сулаймонова, Н. Худойдодова, Э. Ҷӯраева ва А. Убайдуллоева аз аввалин санъатварони хушсалиқаи ансамбл буданд. Балетмейстерони нахустини ансамбл А.И. Протсенко ва Ғ. Валаматзода дар ташаккулёбии санъати рақсии ин ҳайат хидмати арзанда намудаанд. Солҳои минбаъда роҳбари бадеии Ансамбли рубобчизанонро композиторон Ш. Бобокалонов, З. Шаҳидӣ, М. Баротов ва Н. Каримов ба ӯҳда доштанд.[1]

Дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистон аз соли 1993 роҳбари бадеии ансамбл Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳаётой Муминова мебошад. Фаъолияти эҷодии Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Ашура Носирова, Шоиста Муллоҷонова, Муслима Боқиева, Нигина Рауфова ва Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Барно Аҳмадова, Зуҳро Каримова, Меҳри Абдуллоева, Тӯхта Иброҳимова, Ш. Каримова ва дигарон дар ҳамин ҳайат сурат гирифтааст. Композиторони шинохтаи тоҷик Я. Сабзанов, Ш. Сайфиддинов, Ф. Солиев, А. Ҳамдамов, Д. Дӯстмуҳаммадов, А. Абдуллоев, А. Одинаев ва дигарон бо ансамбл ҳамкории зич доштанд. Ансамбл дар баробари иҷрои сурудҳои композиторони тоҷик, ҳамчунин сурудҳои халқӣ аз қабили «Баҳор омад», «Санами кӯҳистон», «Гулбадан», «Духтари ҳиротӣ» ва ғ.-ро сурудаанд. Дар қатори сурудҳои тоҷикӣ, суруду таронаҳои афғонӣ, эронӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ ва ғ.-ро низ иҷро мекунанд. Яке аз хусусияти фарқкунадаи ансамбл аз он иборат аст, ки ҳар ҳунарпеша чун навозанда ва сароянда ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳатто баъзеяшон рақс ҳам мекунанд. Ансамбли рубобчизанон солҳост, ки намунаҳои беҳтарини суруду рақси милии тоҷик ва дигар халқҳоро таблиғу ташвиқ менамояд. А.р. ба кишварҳои гуногуни дунё – Голландия, Руминия, Афғонистон, Эрон, Украина, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ғ. сафари ҳунарӣ кардааст. Ансамбли рубобчизанон иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941), Даҳаи санъати мусиқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар шаҳри Тошканд (1944); Даҳаи адабиёти тоҷик дар Москва (1949); Фестивали умумииттифоқии ҷавонон ва студентон дар Москва (1957) мебошад. Лауреати Конкурси умумииттифоқии коллективҳои бадеӣ (1958) ва ғ. А.р. мунтазам барномаи худро нав мекунад ва дар ташаккули санъати тоҷик ҳиссаи арзанда мегузорад.[1]

НигаредВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 30-31. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2