Анти́гуа ва Барбу́да (англ. Antigua and Barbuda [ænˌtiː.ɡə ænd bɑːˈbjuː.də]) — давлат дар Вест-Индия. Аз ҷазираҳои Антигуа, Барбуда ва Редонда иборат буда, аз Шарқ бо Уқёнуси Атлантик, аз Ғарб бо Баҳри Кариб иҳота шудааст. Масоҳаташ 441, 6 км2, аз ҷумла Антигуа — 280 км2, Барбуда — 160 км2, Редонда — 1,6 км2 (ҷазираҳои маскун нест). Аҳолиаш 100 ҳазор нафар (2007). Пойтахташ Сент-Ҷонс, воҳиди пулӣ — доллари Кариби Шарқӣ. 1 ноябр — Рӯзи истиқлол.

Антигуа ва Барбуда
англ. Antigua and Barbuda
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «Each Endeavouring, All Achieving»
«Кӯшиши якояк, Дастоварди ҳамагонӣ»
Суруди миллӣ: «Fair Antigua, We Salute Thee»
Забонҳои расмӣ инглисӣ
Пойтахт Сент-Ҷонс
Шаҳрҳои калонтарин Сент-Ҷонс
Масоҳат 181-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 440 км²
Аҳолӣ
 · Баҳо (2016) 93 581[1] нафар (191-ум)
 · Зичӣ 186 наф./км²
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ (2012) $1.579 миллиард долл.
 · ба сари аҳолӣ $18,026 долл.
ММД (номинал)
 · Ҳамагӣ (2012) $1.176 миллиард долл.
 · ба сари аҳолӣ $13,428 долл.
ШРИ (2013) 0,760[2] (баланд67-ум ҷой)
Воҳиди пул Eastern Caribbean dollar[d]
Интернет-домен .ag
Рамзи ISO AG
Рамзи КБО ANT
Пешшумораи телефон +1-268
Минтақаи замонӣ -4

Сохти давлатӣ

вироиш
 
Маркази Сент-Ҷонс

Антигуа ва Барбуда — давлат дар таркиби Иттиҳоди Британияи Кабир. Сардори давлат — шоҳи Британия, ки ӯро дар мамлакат генерал-губернатор намояндагӣ мекунад. Мақоми қонунгузор — парламенти дупалатагӣ. Палатаи намояндагон (17 аъзо) ва Сенат (17 аъзо) ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд (аъзои Сенатро генерал-губернатор таъйин мекунад). Сардори Ҳукумат — сарвазир (инро ҳам генерал-губернатор таъйин мекунад). Ҳокимияти иҷроия — Шӯрои вазирон. Мақомоти судиро судя-резиденти Суди Олии Кариби Шарқӣ (дар Сент-Люсия ҷойгир аст) идора мекунад. Дар ҷазираи Барбуда маҷлиси қонунбарори мухтор — Шӯрои Барбуда (9 аъзо) амал мекунад. Антигуа ва Барбуда узви СММ ва зерсохторҳои махсуси он, Ташкилоти давлатҳои Кариби Шарқӣ ва ғайра мебошад. Ҳизбҳои сиёсиаш: Ҳизби лейбористии Антигуа, Ҳизби муттаҳиди прогрессивӣ, Ҳаракати халқии Барбуда.

Табиат

вироиш

Аз назари геологию орографӣ Антигуаро ба се қисм ҷудо мекунанд: хамии шимолӣ шарқӣ, ки аз оҳаксанги марҷонӣ, хамии марказӣ, ки аз регҳои таҳшинӣ ва оҳаксанг; теппаҳои пайдоишашон вулқонӣ, ки аз ҷинсҳои кристаллӣ иборатанд. Нуқтаи баландтаринаш Богги-Пик (403 м аз сатҳи баҳр). Баъзан заминҷунбӣ рух медиҳад. Пайдоиши Барбуда — марҷонӣ, заминаш мусаттаҳ, ҷойи баландтаринаш −36 м. Иқлимаш хушки тропикӣ. Ҳарорати миёнаи январ — феврал 24°С. август — сентябр 30°С. Бориши солона аз 1070 то 1140 мм. Ҳар 5 — 10 сол сатҳи бориш аз 500 мм ҳам кам шуда, хушксолӣ меорад. Аз июл то октябр тӯфонҳои тропикӣ рӯй медиҳанд. Обро асосан аз чоҳҳои карстии чуқуриашон 5 — 10 м мегиранд. Аз соли 1970 нисфи ҳаҷми обҳои истифодашавандаро ба воситаи таҷҳизоти махсуси (аз намак тозакунанда) ҳосил мекунанд (73 млн м3 дар як сол). Норасоии оби ошомиданӣ мушкили экологии кишвар аст. Олами ҳайвоноташ хеле камбағал (асосан сангпушт ва калтакалос) буда, аз ҷиҳати гуногунии парандагони маҳаллӣ ва кӯчӣ (то 170 намуд) ғанӣ мебошад. Ҷазира Редонде мамнӯъгоҳи парандагон ҳисоб мешавад.

Аҳолӣ

вироиш

89 фоизи аҳолӣ америкоиҳои африкоинажод буда, шумори дурагаҳо — мулатҳо хеле кам аст. Сафедпӯстон — асосан англисҳо ва португалиҳо; суриягиҳо ва лубнониҳо низ ҳастанд. Диндорон бештар протестантҳои равияи англиканӣ (72 %) ва католикҳо (12 %) мебошанд. Забони расмӣ — англисӣ, лаҳҷаҳои маҳаллӣ низ муравваҷанд. Бештари аҳолӣ маскуни Антигуа буда, дар ҷазираи Барбуда камтар аз 2 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд (зичии миёнаи аҳолӣ 1 нафар дар 1 км2). Шаҳрнишинон — 37,1 %. Дарозии миёнаи умр — 71,6 сол. 30 ҳазор шаҳрвандони Антигуа ва Барбуда дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд. Аҳолӣ дар соҳаи хидматрасонӣ (туризм), кишоварзӣ ва моҳидорӣ машғуланд.

Таърих

вироиш
 
Антигуа соли 1823

Аввалин бошишгоҳҳои ҳиндуёни маҳаллӣ ба ҳазорсолаи 2 то м. мансубанд. Дар садаи XIII мардуми бумиро қабилаҳои карибҳо танг карда бароварданд. Аз соли 1493, баъди Америкаро кашф кардани Х. Колумб, ҷазираҳоро мустамликадорони Испанияю Франсия ва баъдтар англисҳо ишғол карданд ва дар ин ҷо пахта, тамоку, нил (индиго), занҷабил ва найшакар мекориданд. Британиҳо барои кор фармудан дар плантатсияҳо аз Африка ғуломонро меоварданд. Дар натиҷа, соли 1671 Антигуа ва Барбуда мустамликаи Британия гашт. Баъди бекор карда шудани ғуломдорӣ (1834) талабот ба найшакар кам гардида, иқтисоди ин ҷоро суст кард. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 — 45) аз соли 1940 дар Антигуа пойгоҳҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоии ИМА ҷой дода шуданд. Солҳои 1958 — 62 Антигуа ва Барбуда дар ҳайати Федератсияи Вест-Индия буд. Соли 1967 Антигуа ва Барбуда қисми таркибии Иттиҳоди Британия эълон шуда, соҳиби ҳуқуқи худидоракунии дохилӣ гашт (масъалаҳои марбут ба мудофиа ва ҳалли баҳсҳои байналхалқии мамлакат бар дӯши Британия аст). 1 ноябри 1981 Антигуа ва Барбуда давлати соҳибистиқлол дар таркиби Иттиҳоди Британия эълон шуд. Ба аҳолии Барбуда, ки пешвоёни сиёсиашон аз Антигуа ҷудо шуданро талаб мекарданд, ҳуқуқи худидоракунӣ дода шуд. Аз ноябри 1981 то марти 2004 Ҳизби лейбористии Антигуа ҳизби ҳукмрон буд, апрели 2004 Ҳизби муттаҳиди прогресивӣ дар интихоботи парламентӣ ғолиб омад. Дар интихоботи охирини парламентӣ бори аввал ба ҳайати ҳукумат намояндаи Ҳаракати халқии Барбуда ворид шуд.

Иқтисод

вироиш

Иқтисоди Антигуа ва Барбуда, ки наздики 300 сол ба парвариши найшакар асос ёфта буд, аз аввали солҳои 70 садаи XX сӯи сектори хидматрасонӣ — аввал дар соҳаи туризм ва аз солҳои 80 садаи XX ба соҳаи молия самт гирифт. Охири соли 1970 корхонаҳои истеҳсолии содиркунанда ба муддати 15 сол аз андоз озод карда, соли 2000 дар Антигуа минтақаи озоди тиҷоратию истеҳсолӣ кушода шуд; дар он низ соҳибикорон аз ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд. Истеҳсоли ром (соле 1,5 млн л), либос, васли техникаи рӯзгор дар иқтисоди Антигуа ва Барбуда мавқеи махсус дорад. Дар Антигуа ва Барбуда истеҳсоли барқ, коркарди нефт (Антигуа), истихроҷи реги сохтмонӣ (Барбуда) хуб ба роҳ монда шудааст. Давлат соҳиби замин аст. 9/10 ҳиссаи эҳтиёҷоти хӯрокворӣ аз ҳисоби воридот қонеъ карда мешавад. Сабзавоткорӣ бозори дохилиро таъмин мекунад. Пахта, мева аҳамияти содиротӣ доранд. Дар Антигуа ва Барбуда саршумори чорвои калони шохдор гӯсфанду буз, инчунин мурғ зиёд аст; моҳидорӣ ва шикори харчанги баҳрӣ (барои содирот) ҳам ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Роҳҳои автомобилгард −1165 км; дар ҷазираи Антигуа 2 аэродром мавҷуд аст. Содирот — мева, ҳайвонҳои баҳрӣ, моддаҳои химиявӣ, воридот — молҳои ниёзи мардум, мошину таҷҳизот, мошинҳои сабукрав, нефт. Давлатҳои харидор — ИМА, Британияи Кабир, кишварҳои соҳили Кариб, Канада. Даромад асосан аз соҳаи туризм аст. Аз соли 1982 Антигуа ва Барбуда бизнеси оффшориро ривоҷ медиҳад. Дар минтақаи оффшорӣ (ҳудуди озод аз назорати асъорӣ ва сатҳи андозаш пасттарин) наздики 16 ҳазор ширкат ва 25 бонк ба қайд гирифта шудаанд.

Саломати ва варзиш

вироиш

Дар соҳаи тандурустӣ системаи давлатии суғӯртаи тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Комитети олимпии Антигуа ва Барбударо соли 1976 МОК ба қайд гирифтааст. Дар Антигуа ва Барбуда крикет (намуди миллии варзиш), футбол, софтбол (намуди занона), голф, теннис, волейбол ва намудҳои обии варзиш тараққӣ кардааст.

Маориф ва фарҳанг

вироиш

Таҳсил барои кӯдакон ва ҷавонони то синни 16-сола ройгон аст. Синни гирифтани маълумоти ибтидоӣ 5 — 11 сол, маълумоти миёна — 11 — 16. Маълумоти миёнаи тахассусиро Коллеҷи давлатӣ ва Донишгоҳи байналмилалии технологӣ таъмин мекунад. Маълумоти олиро ҷавонони Антигуа ва Барбуда дар хориҷи кишвар мегиранд. Рӯзномаи куҳантарини кишвар «The Worker Voice» буда (органи ҳизби лейбористӣ), ҳафтае 2 бор нашр мешавад, 6 пойгоҳи радио ва 2 пойгоҳи телевизион дорад. Дар Антигуа ва Барбуда ҳар сол чорабинии муҳими фарҳангӣ — карнавали 10-рӯза бахшида ба бекор карда шудани ғуломдорӣ (аз соли 1834 ин ҷониб анъана гардидааст) баргузор мешавад. Ансамбли фолклории «Карибана» (ҷазираи Барбуда) дастаи ҳунарии дӯстдоштаи мардум аст. Музейи таърихӣ, музейи баҳрӣ, нигористони мусаввараҳо (намоиши осори рассомони маҳаллӣ) дорад.

Адабиёт

вироиш
  • Малые латиноамериканские страны: смена экономической модели, М., 2002;
  • Новая Российская Энциклопедия, т. 2, М., 2005;
  • Страны мира (современный справочник), М., 2008.

Пайвандҳо

вироиш