Аншлиф
Аншлиф (англ. polished section; олмонӣ: Anschliff; фр. section polie; итол. seccion pulida, placa pulimentada) — ҷинсҳои кӯҳии сангушуда, ангишт ё металле, ки як ё якчанд сатҳашон барои тадқиқи микроскопӣ дар рӯшноии инъикосшудаи микроскопи қутбишӣ суфта ё сайқал дода шудааст.
Омӯзиш
вироишАншлифро аз резаҳои минерал, ки бо шилм часпонда ва дар қолаби махсус рехта шудааст, низ тайёр мекунанд. Ҷинсҳои сермасома ё ангиштро пеш аз суфта кардан бо қатрон, канифол ва ғ. мечаспонанд. Тадқиқотро дар микроскопҳои махсус, ки дар онҳо аншлиф бо ёрии опак-иллюминатор ба воситаи объектив равшан мегардад, мегузаронанд. Дар аншлиф ранги минерал хуб аён шуда, сахтии он, электрикгузарониаш омӯхта мешаванд; аз рӯи хусусияти инъикоскунии рӯшноӣ анизотропнокии аншлифро муайян мекунанд. Дар сатҳи аншлиф содатарин реаксияҳои химиявиро гузарондан мумкин аст. Бо ёрии аншлиф минералҳо ва пайдарпайии ҷудокунии онҳо, сохти маъданҳоро меомӯзанд.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- Инженерная защита. Библиотека материалов Бойгонӣ шудааст 22 октябри 2016 сол. Глава 2. Отбор образцов
- ЭБ НиГ Бойгонӣ шудааст 21 Декабри 2016 сол. Аншлиф, страница 4
- МИНОБРНАУКИ РОССИИ «Ухтинский государственный технический университет» Бойгонӣ шудааст 21 Декабри 2016 сол. ИЗГОТОВЛЕНИЕ ПРОЗРАЧНЫХ И ПОЛИРОВАННЫХ ШЛИФОВ
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.