Апеннин, кӯҳҳои Апеннин (италявӣ Appennino; ба забони келтӣ pen – қулла) — системаи кӯҳӣ дар нимҷазираи Апеннин, дар Италия.

Апеннин
Нигора
Кишвар
Баландтарин нуқта Corno Grande[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 2 912 м
Дарозӣ
  • 1 200 км
Бар 250 км
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аз шимолӣ ғарбӣ ба ҷанубӣ шарқӣ 1200 км тӯл кашидааст. Кӯҳҳои Апеннин ҷавон буда, асосан дар давраи пайдоиши кӯҳҳои алпӣ ба вуҷуд омадаанд. Нуқтаи баландтаринаш кӯҳи Корно (2914 м).

Фаъолнокии тектоникиаш боиси бавуҷудоии заминҷунбиҳо (соли 1980 дар Кампания, наздики 3 ҳазор қурбоншудагон) ва оташфишонии вулқонҳо (1944 – оташфишонии охирини вулқони Везувий) гардидааст.

Сохти ҷойгиршавӣ

вироиш

Апеннин аз рӯи сохти ҷуғрофӣ ва релйеф ба Апеннинҳои Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ тақсим мешавад. Апеннини Шимолӣ аз самти шимолӣ ғарбии болооби дарёи Тибр (Апеннинҳои Лигурия ва Тосканаю Эмилия) шурӯъ шуда, асосан аз гил, рег, регсангҳои палеоген ва неоген иборат аст. Ҷариҳояш бисёр, лағжишҳо рӯй медиҳанд. Баландиаш 2165 м (кӯҳи Чимоне). Апеннини Марказӣ, ки то водии дарёҳои Волтурно ва Сангро тӯл мекашанд (Апеннинҳои Умбраю Маркигиано ва Абрутсӣ) қисми аз ҳама паҳнотару баландтарин буда, асосан аз оҳаксангҳои палеоген ва неоген иборат аст. Дар ин ҷо хамиҳои байникӯҳӣ бисёранд ва дар ин хамиҳо шаҳрҳои хурд ҷой гирифтаанд. Доманаи ғарбиаш баъзан релйефи вулқонҳои қадимӣ дорад. Дар танӯраҳои вулқонҳои собиқ об пур шуда кӯлҳо ба вуҷуд омадаанд. Баландиаш 2478 м (кӯҳи Ветторе). Апеннини Ҷанубӣ (Апеннинҳои Неаполитания, Лукка ва паҳнкӯҳи Молизе) ба шакли душоха буда, қисми ғарбиаш баландтар аст; аз оҳаксангҳо таркиб ёфта, қабатҳои карстиаш хеле бисёр аст; шарқиаш – пасттари паҳн, аз варақсанг, гил, регсангҳо иборат аст. Баландиаш 2271 м (кӯҳи Серра-Долчедорме). Дар ғарби Апеннини Ҷанубӣ минтақаи калони вулқонҳои қадим ва нав (Везувий, саҳрои Флегрей) воқеъ аст.

Сарватҳои зеризаминӣ

вироиш

Аз сарватҳои зеризаминӣ санги сохтмон (мармари Каррар), ангишти сиёҳтоб, симоб (Тоскана), варақсанги битумдор, боксит (Абрутсӣ), гази табиӣ ва нефт дорад. Иқлими Апеннин кӯҳии баҳримиёназаминӣ. Ҳарорати миёнаи январ дар Шимол қариб 0°С, дар Ҷануб то 11°С; июл аз 24 то 28°С. мерасад. Боришоти солона дар нишебиҳои ғарбӣ 1000 – 2000 мм (дар Апеннини Лигурия зиёда аз 3000 мм), дар нишебиҳои шарқӣ ва хамиҳои байникӯҳӣ 600 – 800 мм. Аз Апеннин дарёҳои Тибр, Арно, Селе, Волтурно ва ғайра ибтидо мегиранд. Кӯҳҳои Апеннин дар Шимол (то баландии 300 – 500 м) ва Ҷануб (то баландии 600 – 800 м) боғу токзорҳо, плантатсияҳои зайтун, заминҳои корам, баъзан бешаю буттазори баҳримиёназаминӣ доранд. Дар баландии 900 – 2000 м бешаи омехта (дарахтони булут, санавбар, кастона) ва буттазорҳо воқеанд. Аз 2000 – 2500 м боло рустаниҳои субалпӣ ва алпӣ мерӯянд. Асрҳо истифода бурдани бешаҳо, киштукор дар нишебиҳо ҷангалзорҳоро хароб ва олами ҳайвоноти Апеннинро. ниҳоят камшумор кардааст. Танҳо обхокиҳо ва парандагон бисёр ба назар мерасанд.

Сарчашма

вироиш