Апеннин (нимҷазира)

Апеннин (итол. Penisola appenninica; инчунин Penisola italiana — «Нимҷазираи Итолиёвӣ») — нимҷазира дар Аврупои Ҷанубӣ, ки дар он қисми зиёди Италия ҷойгир аст.

Нимҷазираи Аненнин

Масоҳат

вироиш

Масоҳаташ 149 ҳазор км2. Дарозиаш қариб 1100 км, бараш 130 – 300 км. Дар Шимол бо ҳамвории Падан ба охир мерасад. Аз Ғайрб бо баҳрҳои Тиррен ва Лигурия, аз Шарқ бо Баҳри Адриатика, аз Ҷануб бо Баҳри Ион иҳота гардидааст.

Релйеф

вироиш

Релйефаш асосан аз кӯҳҳои начандон баланди Апеннин, теппаҳои наздикӯҳӣ ва пуштакӯҳи вулқонӣ иборат аст. Ҳамвориҳо танҳо минтақаҳои хурди соҳилҳои баҳрро ишғол мекунанд. Қисми ҷанубу ғарбӣ минтақаи вулқонҳои нав (Везувий) мебошад. Дарёҳояш хурданд (Тибр, Арно ва ғайра), тобистон хеле камоб мешаванд.

Иқлим

вироиш

Иқлими Апеннин субтропикии баҳримиёназаминӣ, бешаҳои ҳамешасабзу дуруштбарг (аз ҷумла санавбар, булут), чарогоҳҳои кӯҳӣ дорад. Аз ғалладонагиҳо бештар гандум, ҷуворимакка мекоранд, дар Ҷануб лимую афлесун мепарваранд. Дар ҳудуди Апеннин ғайр аз Италия Ватикан ва Сан-Марино ҷойгиранд.

Сарчашма

вироиш