Арабистони Усмонӣ
Арабистони Усмонӣ (тур. Osmanlı Arabistanı; ар. الدولة العثمانية في شبه الجزيرة العربية) — давраи таърихӣ дар таърихи Арабистон аз соли 1517 то соли 1918 аст, ки дар он минтақа тобеъи Имперотурии Усмонӣ буд. Дараҷаи назорати усмонӣ бар ин минтақа дар тӯли чаҳор аср вобаста ба тавоноӣ ё заъфи ҳукумати марказӣ тафовут дошт [1] [2] .
Таърих
вироишДавраи истилоҳ
вироишДар асри 16 усмониён сарзаминҳои ҳамшафати Баҳри Сурх ва Халиҷи Форсро (Ҳиҷоз, Асир ва Ал-Ҳаса) забт карда, соҳибихтиёрии худро барқарор карданд. Мақсади асосии ин истилоҳо пешгирии ворид шудан ва афзоиши нуфузи португалиҳо дар соҳили баҳри Сурх ва уқёнуси Ҳинд буд [3]. Ҳанӯз соли 1548 шарифи Макка ҳуҷумҳо ташкил карда буд, ки ҳадафашон ҷазо додани қабилаҳои Наҷд буд, ки ба воҳаҳои Ҳиҷоз ҳамла мекарданд [4] .
Таъсиси давлати Саудӣ
вироишДар қисми марказии Арабистон сулолаи Саудӣ пайдо мешавад, ки вай дар ташкили давлати мустақили араб дар нимҷазира нақши муҳим мебозад. Дар соли 1744, Амири Даръия Муҳаммад ибни Сауд дар зери ҳимояи фақеҳи машҳур Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро гирифта ва таълимоти динии ӯро, ки баъдан бо номи ваҳҳобия машҳур мешавад, қабул кард. Ибни Сауд ва авлоди ӯ дар тӯли чанд даҳсола бо такя ба шавқу ҳаваси динии ваҳҳобиён муяссар шуд, ки тамоми Наҷд, ғарб ва шарқи нимҷазираи Арабро мутеъ кунанд. Ин давраро одатан аввалин давлати Саудӣ меноманд. Соли 1792 пас аз марги Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб Саудиҳо қудрати олии дунявӣ ва рӯҳиро дар дасти худ муттаҳид карданд. Соли 1803 саудиҳо Маккаро, соли 1804 Мадина ва тамоми Ҳиҷозро забт карданд. Бо вуҷуди ин, қудрати Саудиҳо дар нимҷазираи Араб зиёд давом накашид: дар соли 1811, бо дархости султони Усмонӣ хидиви мисрӣ Муҳаммад Алӣ зидди онҳо ба мухолифат бархост. Дар тӯли ҳафт соли муборизаи якрав, Саудиҳо ҳама чизро аз даст доданд: дар соли 1818, пас аз муҳосираи панҷмоҳа, мисриён пойтахти онҳо — Диръияро гирифтанд ва ба хок яксон карданд, амир Абдуллоҳи I ибни Саудро ба Истанбул фиристоданд ва дар он ҷо сари ӯро буриданд.
Бо вуҷуди ин, аллакай дар соли 1821 хешовандони амири қатлшуда Туркӣ ибни Абдуллоҳ бар зидди салтанати Усмонӣ шӯриш бардошта, шаҳри Риёзро пойтахти нав интихоб кард.
Соли 1824 давлати Иморати Наҷд дуюми Саудӣ бо пойтахти он дар Риёз таъсис ёфт. Давлати Иморати Наҷд 67 сол вуҷуд дошт ва аз ҷониби рақибони деринаи саудӣ — қабилаи Ар-Рашидӣ, ки аслан аз Хайл буд, нобуд карда шуд. Хонаводаи Саудӣ маҷбур шуд ба Кувайт фирор кунад.
Фурӯпошии Имперотурии Усмонӣ
вироишДар ибтидои асри 20 усмониҳо соҳибихтиёриро дар қисми зиёди нимҷазираи Арабро нигоҳ доштанд, гарчанде ки дар баъзе минтақаҳо ин соҳибихтиёрӣ номиналӣ буд. Нимҷазира пур аз моликиятҳои қавмӣ-қабилавӣ буд [5] [6]. Шарифи Макка қудрат ва нуфузро дар Ҳиҷоз нигоҳ дошт [7] .
Дар соли 1902 Ибни Саъуд Риёз ва тамоми Наҷдро зери назорат гирифт ва ба ин васила бозгашти бемамониати саудиҳоро ба Наҷд таъмин кард. Бо дастгирии Ихвон, як милисаи мазҳабӣ, ки аз ғояҳои ваҳҳобӣ илҳом гирифта буд, Ибни Сауд тавонист Ал-Хосро аз Имперотурии Усмонӣ дар соли 1913 бозпас гирад.
Соли 1916 бо дастгирии Бритониё шарифи Макка Ҳусайн ибни Алӣ Ҳошимӣ ба шӯриши умумиарабӣ бар зидди ҳукмронии империяи Усмонӣ сарварӣ кард. Шуришгарон дар назди худ максад гузоштанд, ки давлати мустакили арабро таъсис диҳанд[8] . Ҳарчанд шӯриши солҳои 1916-1918 муваффақияти дилхох надошта бошад ҳам, суқути Императори Усмонӣ пас аз шикаст дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ба ҳукмронии чаҳорсадсолаи Усмонӣ дар нимҷазираи Араб нуқта гузошт [9] .
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Wayne H. Bowen. The History of Saudi Arabia. — Greenwood Publishing Group, 2008. — С. 68. — ISBN 978-0-313-34012-3.
- ↑ Chatterji, Nikshoy C. Muddle of the Middle East, Volume 2. — 1973. — С. 168. — ISBN 0-391-00304-6.
- ↑ William J. Bernstein. A Splendid Exchange: How Trade Shaped the World. — Grove Press, 2008. — С. 191. — ISBN 978-0-8021-4416-4.
- ↑ James Wynbrandt. A Brief History of Saudi Arabia. — Infobase Publishing, 2010. — С. 101. — ISBN 978-0-8160-7876-9.
- ↑ Murphy, David. The Arab Revolt 1916–18: Lawrence Sets Arabia Ablaze. — 2008. — С. 5—8. — ISBN 978-1-84603-339-1.
- ↑ Al Rasheed, Madawi. Politics in an Arabian oasis: the Rashidis of Saudi Arabia. — 1997. — С. 81. — ISBN 1-86064-193-8.
- ↑ Anderson, Ewan W.; Fisher, William Bayne. The Middle East: geography and geopolitics. — 2000. — С. 106. — ISBN 978-0-415-07667-8.
- ↑ Tucker, Spencer; Roberts, Priscilla Mary. The Encyclopedia of World War I. — 205. — С. 565. — ISBN 978-1-85109-420-2.
- ↑ Hourani, Albert. A History of the Arab Peoples. — 2005. — С. 315—319. — ISBN 978-0-571-22664-1.