Арақчин (деҳа, н. Варзоб)
Арақчин — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб. Аз Арақчин то маркази ноҳия 31 км. ва то маркази шаҳри Душанбе 19 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1570 нафар (2019), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Варзоб |
Ҷамоат | Деҳоти Чорбоғ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1570 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3153 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чашма обёрӣ мешаванд.
Таърих ва мардум
вироишДеҳаи Арақчин дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва тақрибан дар баландии 1100м-1200м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҳудуди имрӯзаи деҳа тақрибан 16 гектарро ташкид намуда релефи он баландкӯҳ ва кӯҳсор мебошад.
Дар кори барқарорсозии ҳокимияти нав фарзанди ин деҳа Теша Ризоев, Асадулло Хайруллоев, Нурулло Ғуломов, Қаюм Қодир ва Қурбон Азизовҳо, Мирзо Саъдулло Рабиӣ ва Абдурашид Тошев хеле калон мебошад. Аввалин мактаби Шуравӣ дар деҳа тобистони соли 1928 ташкил ёфтааст, ки омӯзгори нахустини он Ҷумъаев Ш аз шаҳри бостонии Самарқанд мебошад.
Шахсияҳои маъруф
вироишЗодагони деҳаи Арақчин бо фаъолияти густурдаи худ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷомеа фаъолона ширкат меварзиданд. Шоир Саъдулло Рабиӣ чун вассофи ҳаёти нав баромад намуда соли 1934 чун вакил дар анҷумани I нависандагони шуравӣ иштирок намуда буд. Абдусалом Рабиев барои хидматҳои арзандааш сазовори унвони Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи Ордени Ленин ва ду даъват вакили Шурои Олии Тоҷикистон шуда буд.
Дар солҳон ҶБВ 49 нафар фарзандони деҳа ба ҷанг ва ба баталионҳои меҳнатӣ даъват шуда 20 нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд.
Адабиёт
вироиш- Арақчин // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5