Ардона, гулхайрии сурх, гулхайрии даштӣ (лот. Althaéa armeniáca) — гиёҳест худрӯй аз ҷинси гули хайрӣ.

Ардона
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Althaea armeniaca Ten.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Пояаш рост (аз 60 см то 2 м қад мекашад). Баргаш сегӯша, паррадор ё панҷашакл, одатан серпашмак. Гулаш гулобӣ. Мевааш сертухм; тухмаш гурдашакл, қаҳваранги сурхтоб. Моҳҳои июн — июл гул карда тухм мебандад. Ардона, одатан, дар алафзор, ҷангали гармсер, пистазор, замини партов, канори ҷӯйбор (мавзеъҳои ҷануби Тоҷикистон, воҳаи рӯди Сир, қаторкӯҳи Туркистон, 500—900 м баландтар аз с. б.) ва чун алафи бегона дар киштзори ғалладона месабзад.

Корбурди пизишкӣ

вироиш

Ардона гиёҳи доруии маълум аст. Табибони халқӣ бо ҷӯшоби реша ва баргу гулаш дарди қафаси сина, сулфа, хунпартоӣ, дарди гулӯ ва ғайраро табобат мекунанд. Занону духтарон бо ҷӯшоби гулаш сар мешӯянд. Марҳами бех ва гулу барги ардонаро ба ҳафтпӯст, дунбал ва ғайра мебанданд. Дар тибби муосир нақеъ, қиёми хушк ва обакӣ, шарбат ва хокаи бехи онро чун доруи зидди илтиҳоб, балғамовар (асосан ҳангоми қабзияти роҳи нафас) ва иллати узвҳои ҳозима (исҳол, илтиҳоб, энтроколит) истифода мебаранд. Бо шарбати решааш баъзе доруҳоро хуштаъм мекунанд. Бехи ардона ҷузъи таркибии чанд навъ доруи наботист. Ардона гули базеби худрӯст. Гулаш сершаҳд аст. Решаи ардона ба миқдори зиёд луоб, оҳар, моддаҳои даббоғӣ, пектин, аспарагин, бетаин, сахароза ва микроэлементҳо дорад.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт

вироиш