Гули хайрӣ (лот. Althaéa officinális), гулхайрӣ, хайрӣ  — гиёҳест бисёрсола.

Гули хайрӣ
Гули хайрӣ.
Гули хайрӣ.
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Althaea officinalis L. (1753)
Мутародифот

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Аз 60 то 150 см қад мекашад. Пояаш росту сершох, баргаш дилшакл, гулаш гулобии паст, сурхчатоб, баъзан сафед. гули хайрӣ дар нимаи дуюми тобистон шукуфта, ботадриҷ тухм мебандад. Дар боғ, канори ҷӯй, соҳили дарё, марғзори намнок мерӯяд. Дар мавзеъҳои Зарафшон ва Тоҷикистони Ҷанубӣ вомехӯрад.

Хосиятҳои шифоӣ

вироиш

Гули хайрӣ рустании доруӣ ва асаловар аст. Бо мақсади табобатӣ реша, баъзан гул ва барги рустанӣ истифода мешавад. Решаи онро тирамоҳ ё аввали баҳор меғундоранд. Онро реза (10 — 20 см) карда, дарҳол мехушконанд. Хосияти давоии гули хайрӣ аз замонҳои қадим маълум аст. Абӯалӣ ибни Сино ҷӯшоби решаи онро барои илоҷи сӯзиши масона, рӯда ва омоси мақъад тавсия додааст. Ба ақидаи ӯ барги гули хайрӣ низ ҳамин хосиятро дорост; онро ҳангоми исҳоли шадид истифода мебаранд. Ҷӯшоби тухми гули хайрӣ тарашшӯҳоти баъди зоишро тоза карда, қабзияти пешобу сулфаро рафъ, санги масонаро ҳал ва хунпартоиро пешгирӣ менамояд. Барги гули хайрӣ дар мавриди омосҳои синаи занон ва илтиҳоби шуш муфид аст. гули хайриро дар тибби мардумӣ ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда ҳамчун давои таскинбахш васеъ истифода мебаранд. Хокаи решаашро ҳини муолиҷаи илтиҳоби узвҳои нафаскашӣ ва дарунравӣ рӯзе ду маротиба баъди хӯрок (1 — 2 г) ба кӯдакон медиҳанд. Бо ҷӯшоби реша ва баргу пояи гули хайрӣ гулӯро обгардон мекунанд ва чашмро мешӯянд. Ҷӯшоби тухми гули хайрӣ хунро тоза менамояд. Гулу барги онро ҳангоми назлаи (катари) роҳҳои нафас ва пешоб истеъсол мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бо қиём ё ҷӯшоби баргу пояи гули хайрӣ сарро мешӯянд (мӯйро дароз мекунад). Афшураи гули хайрии тару тозаро ҳамчун давои исҳоловар якҷоя бо қаймоқ ба кӯдакон медиҳанд. Марҳами аз гули гули хайрӣ ва орди гандум таҳиякардаро дар ҳолати гармӣ ба захм, омосҳо ва думбал мемоланд.

Ба ақидаи табибони халқӣ барги гули хайриро кӯфта ба захмҳо гузошта банданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; барои ханозир шифо мебахшад; пучак ва ҳамчунин решҳои римдорро мепазонад ва мекафонад; варамҳои пистон ва мақъадро зуд таҳлил медиҳад. Тухми хушкашро кӯфта бо оби ширгарм биошоманд, санги гурдаро мерезонад. Агар 10,5 г решаи гули хайриро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, исҳолро мебандад, иллати қулинҷро шифо мебахшад, сӯзиши пешоб ва варами рӯдаҳоро дафъ мекунад; агар онро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандҳои шахшударо нарм месозад.

Нигаред низ

вироиш
  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт

вироиш
  • Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Сарчашма

вироиш