А́рия (итол. aria) — суруди мукаммали шаклан итмомёфта, порча аз опера, оратория, ки ҳофиз дар ҳамоҳангии оркестр иҷро мекунад.

Ария, одатан, барои ифшои эҳтиросоти ботинӣ, хислат ва майлу рағбати қаҳрамони опера ёрӣ мерасонад ва санъати баланди сарояндагиро тақозо менамояд. Дар мусиқии Аврупои Ғарбӣ ария ҳанӯз қарни 15 маълум буд. Дар Фаронса (қарни 16) навъҳои гуногуни ария пайдо шуданд. Баъзе композиторони франсавӣ (М. Ламбер, М. Лабар) арияро шаклан такмил дода, ба он бандҳои иловагии вариатсиядорро илова намуданд. Марҳилаҳои дигари инкишофи ария бо эҳёи мусиқии вокалӣ-операвии италиявии қарни 17 — 18 вобастагӣ доранд. ария минбаъд дар санъати операи ҷаҳонӣ тадриҷан нақши намоён пайдо кард (масалан, арияи Кармен аз операи «Кармен»-и Ж. Бизе, арияи Баттерфляй аз операи «Чио-Чио Сан»-и Пуччини, арияи Мефистофел аз операи «Фауст»-и Ш. Гуно). Авҷи инкишофи ария дар мусиқии операвии рус ба эҷодиёти М. И. Глинка иртибот дорад. Имконият ва ҷиҳатҳои хоси ария дар эҷодиёти композиторони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ С. С Прокофев, Д. Д. Шостакович, Д. Б. Кабалевский, З. П. Палиашвилӣ, А. А. Спендиаров, М. А. Ашрафӣ ва дигарон фаровон истифода шудааст.

Оҳангсозони тоҷик барои ифшои эҳсосот ва эҳтироси ботинии қаҳрамонони операҳо аз ария моҳирона истифода намудаанд (арияи Комде аз операи «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, арияи Пӯлод аз операи «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Шарофиддин Сайфиддинов). Инчунин ария дар операҳои «Бозгашт»-и Ёқуб Сабзанов, «Лаънаткардаи халқ» ва «Қишлоқи тиллоӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Рустам ва Сӯҳроб»-и Талабхӯҷа Сатторов ва дигарон хеле рӯҳнавоз истифода шудааст. Ариетта, ариозо, каватина, каболетта ва ғайра навъҳои ария мебошанд.

Адабиёт

вироиш