Аръáр, ар-ар, тирак[2] (лот. Pópulus nígra var. itálica, ё Populus nigra f. pyramidális) — дарахтест росту баланд аз ҷинси сафедор. Аръари худрӯй дар Осиёи Марказӣ дучор мешавад.
Аръар |
---|
|
|
Populus nigra var. italica Münchh., 1770 |
|
|
Аръар дарахти зудсабз буда, 40 — 45 м (баъзан зиёдтар) қад мекашад; қутраш то 2 метр, аҳромшакл. Муғҷааш хушбӯй. Барги аръари одӣ (дарозиаш 8 — 10 см, бараш 6 — 7 см), думчадор, шаклан гуногун аст. Пеш аз баромадани барг ё ҳамроҳи он гул мекунад. Аръар дарахти рӯшноипарвар ва намидӯст аст. Ба хокҳои шӯр ва ҳавои гарм тобовар буда, навдаҳои наврустааш аз сармои бармаҳал зарар мебинанд.
Онро аз замонҳои қадим барои муҳофизати киштзору соҳил ва чун дарахти ороишӣ қад-қади роҳ, наҳру дарё, ҷӯйҳо, дар боғ, кӯчабоғу гулбоғҳо мешинонанд. Чӯби аръар дар сохтмону наҷҷорӣ истифода мешавад. Аръарро дар аввали баҳор асосан бо қаламча зиёд мекунанд.
- Populus basiattenuata Dode, 1905
- Populus dilatata Aiton, 1789
- Populus fastigiata Foug., 1787
- Populus italica (Münchh.) Moench, 1772
- Populus nigra f. pyramidalis (Rozier) Delaunay, 2015
- Populus nigra subsp. pyramidalis (Rozier) Čelak., 1871
- Populus nigra var. elegans L.H.Bailey, 1894
- Populus pyramidalis Rozier, 1785
- Populus pyramidata Moench, 1794
- Populus scythica Dode, 1905