Ахтарбинӣ

(Тағйири масир аз Ахтарбин)

Ахтарбинӣ (форсӣ: اختربینی‎), ситорабинӣ (форсӣ: ستاره‌بینی‎), астроло́гия (юн.-қад. ἀστρολογία) — илми аҳкоми нуҷум, таълимоте, ки аз рӯйи ҳаракат ва мавқеи ҷирмҳои осмонӣ, бахусус аз рӯйи мавқеи сайёраҳо пешгӯӣ кардани анҷоми ин ё он амал, ояндаи ин ё он одам ва халқҳоро қобили имкон медонад

Таърих

вироиш

Астрология замонҳои хеле қадим дар Бобилистон, Миср, Ошур, Рум, Ҳинд, Чин ва Юнон хеле равнақ пайдо карда буд. Пайдоиши астрология натиҷаи ин буд, ки дар замонҳои хеле қадим ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва падидаҳои он вақтҳо номафҳуми табиӣ — ҳаракати Офтобу Моҳ, гирифти онҳо (кусуф ва хусуф), иваз шудани шабу рӯз ва фаслҳои сол, сероб шудани дарёҳо ва монанди ин, ки замони фаро расидани мавсими киштукор ва ғайра ба онҳо вобастагӣ дошт, ҳама ба қонуниятҳои гардиши Замин гирди меҳвари худ ва гардиши он дар гирди Офтоб алоқаманд буданд. Ҳушмандони он давраҳо дарёфта буданд, ки ҷунбишҳо ва кӯчишҳои шаборӯзӣ ва солонаи ҷирмҳои осмонӣ низ ба ҳамон гардишҳову чархишҳо вобастагӣ доранд. Ва хулосаи калом, ҳамбастагии мавқеи ҷирмҳои осмонӣ ва рӯйдодҳои заминӣ боис гардид, ки дар баробари ба шароити зисту зиндагонии одамон асари фавқуттабиӣ доштани мавқеи ҷирмҳои осмонӣ натиҷагирӣ карда шавад. Он замонҳо ақидае маъмул гашт, ки ҳафт «сайёра»-и он вақтҳо маълуми Офтоб, Моҳ, Зуҳра, Миррих, Уторид, Зуҳал ва Муштарӣ ба ҳаёти одамон асари бевосита доранд ва ҳамин буд, ки аз рӯйи мавқеи онҳо ва инчунин мавқеи бурҷҳои дувоздаҳгона дар лаҳзаи зода шудани ин ё он кӯдак толеъномаи ӯ эҷод карда мешуд.

«Инкишоф»-и росту дурӯғи ин ақидаҳо боиси он гар­дид, ки дар илми нуҷум як шохаи мушоҳидавӣ ба миён омад ва рушд кард. Ин гуна мушоҳидаҳо дар асрҳои миёна заминаи пайдоиши обуҳавошиносии астрологӣ гардиданд. Кашфи Манзумаи Офтоб маркази олам (Николай Коперник) бунёди астрология ва мақому манзилати онро бисёр суст кард. Бо вуҷуди ин дар замони мо низ дар баъзе кишварҳо ба астрология таваҷҷуҳ зоҳир карда, таҳқиқоти ҷиддӣ ҷараён дорад ва китобҳои илмӣ ба табъ мерасанд.

Астрология ро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: ғарбӣ ва шарқӣ (астрология и ҳиндӣ ё ведаӣ). Ба астрология инчунин тақвимҳои чинӣ, халқҳои қадимии Амрикои Марказӣ (майя, астекҳо) ва коҳинонро марбут медонанд. Астрология ба қисмҳои гуногун ҷудо мешавад, ки ҳар яки онҳо вазифа ва усули хоси худро дорад: астрологияи таваллуд (пешгӯии тақдир ва хулқу атвори инсон), астрологияи пешгӯикунанда (рӯйдодҳои ҳаёти инсон), астрологияи тиббӣ (муоянаи масъалаҳои марбут ба тандурустии инсон), астрологияи интихобӣ (соати мусоиди иҷрои амале), астрологияи иҷтимоӣ (пешгӯии инкишоф ва робитаву ҳамко­рии давлатҳо, халқҳо ва дигарон гурӯҳҳои бузурги иҷтимоӣ), астрологияи тиҷоратӣ (пажӯҳиши равандҳои ҷаҳони тиҷорат ва иқтисодиёт), астрологияи ниҳония ё худ астрологияи эзотерӣ (пажӯҳиши олами ботинии инсон), астрологияи обу ҳаво ва ғайра

Астрология на танҳо дар таърихи нуҷум, илмҳои дақиқ, дин, сеҳру ҷоду, инчунин дар санъат низ нақш гузоштааст. Санъаткорони қадим вобаста ба ситораву сайёраҳо мусиқӣ эҷод мекарданд, шоирону нависандагон асарҳо меофариданд ва эътиқод доштанд, ки инҳо рӯҳи инсонро болида месозанд. Баъзе иншооти қадимӣ аз рӯйи тасаввуроти астрологияӣ сохта шудаанд. Масалан, биноҳои маросимии Байнаннаҳрайн аз се (шумораи дунёҳо) ё ҳафт (шумораи сайёраҳо) ошёна бунёд шуда, шакли чоркунҷа (чор самти олам ё чор фасли сол) доштанд. Аҳромҳои Миср ва Амрикои Ҷанубӣ, маъбадҳои романӣ ва готӣ аз рӯйи сохтор ишора ба савтҳои астрологияӣ доранд. Дар дину мазҳабҳои ҷаҳон нисбат ба астрология ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Масалан, дар мазҳаби католикӣ дар қатори сеҳру ҷоду астрология чун як шакли фол­бинӣ, ки ба дин мухолиф аст, маҳкум карда мешавад. Калисои православӣ астрологияро чун илми ботил бо бутпарастӣ, ваҳдония (теософия) ва арвоҳпарастӣ (спиритизм) дар як қатор ҷойгир мекунад. Дар дини ислом астрология илми бардурӯғ ва касони ба он эътиқодманд кофир эълон шудаанд (ки ин дар ҳадисҳо низ омадааст). Дар Инҷил астрология чун навъи фолбинӣ манъ карда шудааст. Дар мазҳаби ҳинду (ҳиндуизм) ва ойини будоии Таббат астрология қисми дин, фалсафа ва тиб ба ҳисоб омадааст ва ғайра Дар маъбадҳои ойини ҳинду меҳроби иловагии нуҳ сайёра (Наваграҳа) роиҷ аст, ки онҳо хидматгорони асосии Худо дониста шудаанд., бевосита талабу хоҳиши Ӯро ба ҷо меоранд.

Илми муосир астрологияро таълимоти бардурӯғ ва хурофот, як навъ сеҳру ҷоду ва фолбинӣ медонад. Соли 1975 186 олими машҳури ҷаҳон, аз ҷумла 18 дорандаи Мукофоти нобелӣ бар зидди корбурди астрология эътироз карданд, ки дар бораи дар саҳифаҳои ВАО ҷой додани ахбори астрологӣ ва илмҳои ба он монанд ботил изҳори нигаронӣ карда шудааст. Барои исботи бардурӯғ будани таълимоти астрология олимон чанд таҷрибаву таҳқиқоти густарда (падидаҳои Миррих, Барнум, дугоникҳои астрологӣ ва ғайра) анҷом додаанд.

Нигед низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Щитов Б. Б. Основы астрологии, Калуга. 2005;
  • Кевин Берк. Астрология.