Астробиолóгия (аз астро… ва биология) — илмест, ки зуҳуроти гуногуни ҳаётро дар Коинот меомӯзад.

Экзосайёраи OGLE-2005-BLG-390Lb дар масофаи 20 000 соли рушнойӣ

Пешрафти астробиология ба комёбиҳои астрономия, биология ва биохимия сахт марбут аст. Астробиология дар ҳалли баъзе масъалаҳо ба биологияи кайҳонӣ ва тибби кайҳонӣ такя мекунад. Марому мақсади астробиология омӯзиши пайдоишу инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ҳамчун ҷирми кайҳонӣ дар шароити мавҷудияти атмосфера аст. Дар чунин атмосфера бинобар нурборони берунӣ ё разрядҳои электрикӣ пайвастҳои мураккаби органикие ҳосил мешаванд, ки барои ташаккули ҳаёт метавонанд заминаи мусоид фароҳам оваранд. Ба туфайли фотосинтез, ки сабабгори фаъолияти наботот аст, атмосфераи Замин тадриҷан сероксиген мегардад; ҳамин тавр, мавҷуд будани оксиген дар таркиби атмосфераи ин ё он сайёра нишонаи дар он вуҷуд доштани ҳаёт мебошад. Пажӯҳишҳо собит кардаанд, ки ҳаёт дар ҳамаи ҷирмҳои Манзумаи Офтоб, аз ҷумла дар Моҳ, Уторид ва Зуҳра имконнопазир аст. Пас аз парвози киштиҳои кайҳонии «Аполлон» ба Кайҳон маълум гашт, ки дар Моҳ ҳаёт нест. Дар Миррих атмосфера тунук, миқдори буғи об кам (оби моеъ нест), ҳарорати паст (-55°С) мебошад. Дар чунин шароит ҳам баъзе мавҷудоти зами­нӣ метавонанд бошанд. Вале истгоҳи автоматии байнисайёравии ИМА «Викинг», ки соли 1976 ба сатҳи Миррих нишаст, хабар дод, ки дар Миррих микроорганизмҳо умуман вуҷуд надоранд. Ҷустуҷӯи мавҷудияти ҳаёт берун аз Манзумаи Офтоб яке аз мушкилоти астробиология аст. Бисёр ситораҳои Галактикаи мо метавонанд сайёраҳое дошта бошанд, ки он ҷо барои мавҷудияти ҳаёт шароити мусоид бошад. Барои амалӣ сохтани ин бо он сайёраҳо алоқа доштан лозим аст. Ба ин мақсад бояд самти фиристодани аломат, дарозии радиомавҷҳо, мазмуни аломат ва рамзи он дуруст интихоб шавад. Масъалаи мазкур мавзӯи таҳқиқоти бисёр муассисаҳои илмии ҷаҳон мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Проблема поиска жизни в Вселенной. Москва, 1986;
  • Шкловский И. С. Вселенная, жизнь, разум. Москва, 1987;
  • Хоровис Н. Поиски жизни в Солнечной системе. Москва, 1988;
  • Марс: великое противостояние. Москва, 2004.

Сарчашма

вироиш