Ашӯла
Ашӯла, тарона - Жанри хурди манзуми фолклори тоҷик. Он аз чор мисраъи кӯтоҳ таркиб ёфта, асосан дар вазни ҳиҷоӣ эҷод карда мешавад. Мисраъҳои ашӯла назар ба байту рубоӣ хеле кӯтоҳанд. Ашӯла истилоҳи халқист ва гӯяндаи онро “ашӯлачӣ” меноманд, ки дар забони гуфтугӯии тоҷикони вилоятҳои Хуҷанду Конибодом, Фарғона, инчунин дар шаҳр ва маҳалҳои атрофи Самарқанд маълум ва машҳур мебошад. Дар илми фолклоршиносӣ ба ҷойи “ашӯла” истилоҳи “тарона” бештар ба кор меравад. Дар Хуҷанд, Конибодом фаъол аст[1][2]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
- ↑ ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)