Аъзам Камолов (1912, гузари Сӯзангарон, Самарқанд — 14 октябри 1971, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — оҳангсоз, навозанда, дирижёр. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941).

Аъзам Камолов
Аъзам Камолов
Аъзам Камолов
Аъзам Камолов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 1912(1912)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 14 октябр 1971(1971-10-14)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Пеша(ҳо) оҳангсоз, навозанда, дирижёр
Ҷоизаҳо Ордени Ленин, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Зиндагинома

вироиш

Студияи миллии Консерваторияи Москваро хатм кардааст (1947). Дуторчӣ ва найнавози дастаи ҳаваскорони санъат (1927—1929), навозандаи оркестр (1929—1930), Шогирди дуторнавози тоҷик Муҳиддин Мавлонов. Дирижёри Театри мусиқии вилояти Самарқанд (1930—1932), дирижери Театри драмаи мусиқии яҳудиёни Самарқанд (1932—1935), дирижери Театри давлатии академи драммавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (1935—1938), дирижери оркестри халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1938—1941), дирижери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1941—1950). Дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941) дирижёри операҳои «Коваи оҳангар» ва «Шӯриши Восеъ»-и С. А. Баласанян, балети «Ду гул»-и А. С. Ленский, намоиши мусиқии «Лола»-и С.Саидмуродов, инчунин балетҳои «Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский ва «Гули сурх»-и Р.Глиэр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ буд. Аз с.1950 то 1971 дирижёр, навозанда ва роҳбари оркестри созҳои халқии радиои тоҷик (аз соли 1957 — Комитети телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон) буд. Аз соли 1956 роҳбарии оркестри созҳои халқиро ба уҳда дошт. Дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957), барои оркестр муқаддимаи балети П. И. Чайковский «Кӯли қувон», муқаддимаи операи Ж.Бизе «Кармен», инчунин асари М. И. Глинка «Камаринская»-ро таҳия намуд.

Эҷодиёт

вироиш

Дар дастаҳои худфаъолиятӣ менавохт, сипас соли 1929 ба сифати навозанда ба театри касбӣ қабул карда мешавад. Ҳамчун дирижёр дар Тошканд ва Самарқанд кор карда, бо ҳунармандони маъруф, ҳофиза Ҳалима Носирова ва раққоса Тамара-хонум бомуваффақият ҳамкорӣ дошт. Аз соли 1932 то 1936 А. Камолов дар вазифаи дирижёри оркестри Театри яҳудиёни Самарқанд кор карда ба бисёр гӯшаҳои Ӯзбекистон ва хориҷи он сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Санъати ин театр дар байни тамошобинон муваффақиятро соҳиб буд ва А.Камолов дар он мактаби хуби касбиро гузашт. Соли 1936 вай ба Тоҷикистон даъват шуда, дирижёри Театри академии драмаи ба номи А.Лоҳутӣ мегардад. То соли 1937 репертуари театр бо пйесаҳои мусиқӣ-драмавии муаллифони маҳаллӣ («Тухми муҳаббат»-и Ҷ.Икромӣ, «Дохунда»-и Саидмуродов, «Бегим кӣ буд?»-и Усмонов ва диг.) А.Камолов монтажи мусиқӣ карда, ба оркестри театр дирижёрӣ мекард. Театр тадриҷан ба намоишномаҳои бисёрқисмаи драмаҳои мусиқӣ, ба монанди «Њалима»-и Зафарӣ, «Гулнора» ва «Восеъ»-и Ғанӣ Абдулло мегузарад. Оркестри дар ибтидо аз нигоҳи ҳайат хеле кам бо кумаки А. С. Ленский, ки он вақт дар Тоҷикистон фаъолият дошт, васеъ гардида, соҳиби саводи нотавӣ гардид. А.Камолов низ зуд баҳраманд гардид. Вай нахустин тоҷике буд, ки паси дастгоҳи дирижёрӣ истода ин касбро ба уҳда гирифт. Гарчанде ӯ он вақт ягон муассисаи махсуси дирижёриро хатм накарда буд, «дастони тилоӣ»-и дирижёрии ӯ, дониши нафиси мусиқии суннатии классикӣ, истифодаи мумтозонаи бисёр созҳои мусиқӣ ва истеъдоди бузурги навозандагӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар ин ҷода ба дастовардҳои беҳтарин ноил гардад. Барои иштирок дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Москва соли 1941 А.Камолов ба унвони Ҳунарманди Халқии ҶШС Тоҷикистон сазовор ва бо ордени Ленин мукофотонида мешавад. Дар солҳои баъдина хидматҳои ӯ бо се медал ва Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат қадрдонӣ мегардад. А.Камолов соли 1939 ба квартети таъсисдодаи худ аз ҳисоби ҳунармандони оркестри симфонӣ роҳбарӣ намуда, ба асарҳои калони симфонӣ, балетҳо бомуваффақият дирижёрӣ мекунад. Соли 1942 бо бригадаи фронтии ҳунармандон ба Эрон сафар мекунад. Пас аз бозгашт А.Камолов дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба ҳайси дирижёр фаъолият намуда, сипас ба оркестри Раёсати радиоинформатсия мегузарад. Солҳои 1946—1947 А.Камолов дар студияи миллии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский таҳсил мекунад. Аз соли 1955 А.Камолов ба оркестри симфонии филармония ва аз соли 1957 бо ташаббуси вай оркестри созҳои халйии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъсис ёфт, ки солҳои тӯлонӣ вай дирижёри он буд. Соли 1957 бори дигар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва доир гардид. Таҳти роҳбарии А.Камолов оркестри мазкур давраи ташаккулёбиро паси сар намуда, ба авҷи камолоти худ расид. Таҳти роҳбарии Аъзам Камолов оркестр бисёр сафарҳои ҳунарӣ намуда, чандин маротиба дар хориҷа буд. Беҳтарин сабтҳои ганҷинаи радиои тоҷик, ки бо иштироки оркестри созҳои халқӣ анҷом дода шудаанд, маҳз дирижёр А.Камолов таҳия ва ташкил кардааст. Фаъолияти дирижёрии Аъзам Камолов дар санъати мусиқии миллии ҷумҳурӣ нақши хеле бузург ва амиқ гузоштааст. А.Камолов муаллифи бисёр асарҳои дар ҷумҳурӣ хеле машҳур мебошад. Хорҳои ӯ «Пахта-пахта», «Пахтачиндухтар», «Мамлакати мо», «Ҷавонам» ва бисёр дигарон бо танинандозии васеъ ва демократияти воқеӣ фарқ мекунанд. Асарҳои ӯ барои оркестри созҳои халқӣ ба монанди «Марш красноармейцев», сюитаи «Тоҷикистон», рақси «Духтари тоҷик», оҳангҳои «Ќаротегинӣ», «Зарбдорон» ва «Дилафрӯз» маъруфияти арзандаро соҳибанд. Инчунин бисёр сурудҳои А.Камоловро ба монанди «Бар сари болин» ба шеъри Ҳофиз, «Дилдор» ба шеъри Саъдӣ, «Мактуб» ба шеъри А.Деҳотӣ, «Салом» ба шеъри Ансорӣ, «Мактуб аз фронт» ба шеъри М.Турсунзода, «Қаҳрамон духтар» ба шеъри Аминзода ва боз бисёр дигаронро метавон номбар кард. Дар байни асарҳои театрии ӯ тамошобинон мусиқиро ба драмаҳои «Муаллими ишқ»-и М.Миршакар ва «Саодат»-и С.Саидмуродов ва М.Рабиевро хуб дар ёд доранд. Ғайр аз ин, бешубҳа истеъдоди навозандагии А.Камоловро, ки овони ҷавонӣ мактаби хуби навозиши дутор ва найро аз устодони маъруф Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Абдуқодир Найчӣ омӯхта буд, қайд кардан ҷоиз аст. Навозиши Аъзам Камоловро дар сози халқии най тамоми сомеони ӯ мумтозона ва бузургтарин арзёбӣ кардаанд.

Асарҳои хорӣ дар навозиши оркестри созҳои халқӣ:

  • 1931 — «Пахта-пахта», шеъри Акрамов.
  • 1936 — «Мамлакати мо».
  • 1942 — «Қиличи ман», шеъри С.Айнӣ.
  • 1942 — «Комсомол», шеъри Аминзода.
  • 1951 — «Пахтачин духтар», шеъри Ф.Ансорӣ.
  • 1951 — «Сталини муаззам», шеъри Ф.Ансорӣ.
  • 1951 — «Ҷавонам», шеъри Ф.Ансорӣ.

Асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ:

  • 1931 — «Рақси духтарони пахтачин».
  • 1932 — «Марши сарбозони Армияи Сурх».
  • 1933 — «Марши пролетарҳо».
  • 1937 — «Марши пионерон».
  • 1937 — Пйесаи «Қаротегинӣ».
  • 1938 — Сюитаи «Тоҷикистон».
  • 1938 — Пйесаи «Зарбдорон».
  • 1939 — «Рақси духтари тоҷик».
  • 1950 — «Рақси Раъно».
  • 1951 — Пйесаи «Дилафрӯз».
  • 1951 — Пйесаи сеқисма барои оркестри созҳои халқӣ.

мусиқии спектаклҳои «Саодат»-и М.Рабиев ва С.Саидмуродов, «Муаллими ишқ»-и М.Миршакар ва ғ.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • ордени Ленин,  ,
  • Байрақи Сурхи Меҳнат  

ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Композиторы Таджикистана. Справочник. — Душанбе, 1987, — С. 78-81
  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 63. — 184 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6
  • Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.168. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)

Пайвандҳо

вироиш