Аъзам Пӯлодов  — доктори илмҳои тиб (1963), профессор (1966). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1985). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974). Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1956).[1]

Аъзам Пӯлодов
Аъзам Тоҳирович Пӯлодов
Таърихи таваллуд 1928(1928)
Зодгоҳ ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2007(2007)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти педиатрияи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти якуми тиббии Москва ба номи И.М.Сеченов
Ҷоизаҳо Ду ордени «Нишони Фахрӣ»
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
«Медали меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»
Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974)
Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1956)

Зиндагинома

вироиш

Аъзам Пӯлодов Институти якуми тиббии Москва ба номи И. М. Сеченовро хатм намудааст (1949), ихтисос — «тиб». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ҷарроҳии барқароркунандаи рӯй, ҳолати функсионалии қабати гурдаҳо ҳангоми ҷарроҳӣ, анестизиология ва реаниматологияи бачаҳо, ҷарроҳии барқароркунандаи роҳи пешоб ҳангоми уролитиаз. Дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1956—1964), мудири кафедраи ҷарроҳии бачагонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1964—1996). Сарҷарроҳи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967—1993). Сарходими илмии Институти педиатрияи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон (1997—2007).

Ҷоизаҳо

вироиш
  • ду ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» тақдир шудааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).
  • Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1956).
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.