Анқара

пойтахти Туркия

Анқара (тур. Ankara) — шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Туркия. Маркази маъмурии вилояти Анқара.

Шаҳр
Анқара
Ankara
39°52′ с. ш. 32°52′ в. д.HGЯO
Кишвар Туркия
Роҳбар Mansur Yavaş[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 25 632 км²[3]
Баландии марказ 938 ± 1 м
Навъи иқлим cold semi-arid climate[d][4] ва Mediterranean-influenced warm-summer humid continental climate[d][4]
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5 270 575[2] тан (2015)
Забони расмӣ туркӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 312
Нишонаи почта 06000–06999
Коди мошин 06
ankara.bel.tr(тур.)
Анқара дар харитаи
Анқара
Анқара
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофия

вироиш

Анқара дар шимолу ғарби суфакӯҳи Анатолиё ҷойгир аст. Аз рӯи шумораи аҳолӣ (3,3 млн нафар, 2005) ва аз рӯи аҳамияти иқтисодӣ дар кишвари Туркия шаҳри дуюм баъди Истанбул аст.

Иқлим

вироиш

Иқлимаш континенталӣ, ҳарорати миёнаи моҳи январ – 0,7°С, июл +23,2°С. Боришоти солона 340 мм.

Иқлими Анқара (меъёри 1975—2010)
Нишондод Янв. Фев. Март Апр. Май Июн Июл Авг. Сен. Окт. Нояб. Дек. Сол
Максимуми мутлақ, °C 16,6 19,9 26,4 30,6 33,0 37,0 40,8 40,4 36,0 32,2 24,4 19,8 40,8
Максимуми миёна, °C 4,3 6,7 11,9 17,2 22,2 26,6 30,2 30,2 26,0 19,6 12,3 6,1
Ҳарорати миёна, °C 0,3 2,1 6,2 11,3 16,0 20,5 23,5 23,2 18,7 13,9 6,7 2,2 12,1
Минимуми миёна, °C −3,1 −2 1,1 5,7 9,7 13,1 16,1 16,1 11,9 7,5 2,3 −0,9
Минимуми мутлақ, °C −21,2 −21,5 −19,2 −6,7 −1,6 5,0 6,8 7,2 2,5 −3,4 −8,8 −17,2 −21,5
Андозаи бориш, мм 39,2 33,6 36,1 50,0 49,7 35,1 16,0 12,4 18,9 32,5 36,0 42,6 402
Сарчашма: Dmi.gov.tr — Ankara

Аҳолӣ

вироиш

Аҳолӣ 5 270 575 нафар (2015)[2].

Аҳолии Анқара[5]
2015 5 270 575
2014 5 150 072
2013 5 045 083
2012 4 965 384
2011 4 890 893
2010 4 431 719
2009 4 306 105
2008 4 194 939
2007 3 763 591
2000 3 203 362
1997 2 917 602
1990 2 559 511
1985 2 228 398
1980 1 800 587
1975 1 606 040
1970 1 236 152
1965 905 660
1960 650 067
1955 451 241
1950 288 536
1945 226 712
1940 157 242
1935 122 720
1927 74 553
Сол ва Аҳолӣ
(2008)[6]
0—4 331 158
Мардон Занон
5—9 345 329


10—14 357 559


15—19 354 576


20—24 419 914


25—29 431 961


30—34 398 132


35—39 373 252


40—44 342 467


45—49 310 850


50—54 257 265


55—59 195 040


60—64 140 901


65—69 104 618


70—74 74 064


75—79 62 950


80+ 48 894


Иқтисод

вироиш

Роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилгарди Анқара Аврупоро бо Осиё мепайванданд. Дорои метрополитен аст. Анқара заводҳои авиатсионӣ (истеҳсоли самолёти Ф-16), тракторсозӣ, сементбарорӣ ва корхонаҳои саноати сабук, коркарди чӯб, хӯрокворӣ, чармгарӣ, истеҳсоли пашмина (пашми ангорӣ), маҳсулоти ҳунармандӣ дорад. Аэропорташ байналхалқист. Қубурҳои интиқоли нефту газ аз Россия ва давлатҳои Осиё ба тавассути Анқара ба Аврупо мегузаранд.

Маориф ва фарҳанг

вироиш

Дар Анқара мактабҳои олӣ (Донишгоҳи Шарқи Миёна, ки дар он Китобхонаи миллии Туркия ҷойгир аст), Академияи санъати тасвирӣ, консерватория, театрҳо, аз ҷумла Театри калони давлатӣ, Оркестри симфонии президентӣ, Мавзолеи нахустин Президенти Туркия Камол Отатурк ва ғайра воқеанд.

Таърих

вироиш
 
Анқара, расми қарни XVIII.

Анқара яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Хурд аст. Қалъаи он ҳанӯз аз давраи хеттҳо (1200 то милод) вазифаи паноҳгоҳро иҷро менамуд. Анқара дар садаи VII то милод бо номи Анкире аз тарафи фригиягиҳо дар сари роҳи корвонгард бунёд гардида маркази тиҷорат маҳсуб мешуд. Дар замони Империяи Рум (бо номи Анкира) пойтахти музофоти Галатия буд. Минбаъд шаҳр аз даст ба даст – яъне ба византиягиҳо, арабҳо, салибдорон, туркони салҷуқӣ (асри 11) гузашт. Анқара дар садаи XIV маркази маъмурии Туркияи Усмонӣ буд. Замони ҳукмр. Империяи Усмонӣ дар яке аз муҳорибаҳои назди Анқара (1402) лашкари Темур Султон Боязидро шикаст дод. Пас аз ислоҳоти соли 1864-и Туркия Анқара маркази вилояти Анадолу (ҳозира Анталия ё Анатолия) гардид. 23 апрели 1920 дар Анқара нахустин Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия баргузор шуд, ки он ба ҳукумати миллӣ асос гузошт (дар ин бино осорхона ташкил шудааст). Аз 29 октябри 1923 пойтахти Ҷумҳурии Туркия мебошад.

Ёдгориҳои меъморию таърихӣ

вироиш

Аз ёдгориҳои меъморию таърихӣ маъбади Август (асри 10 милод), харобаҳои биноҳои давраи Руми Бостон, Қалъаи Анқара (дар он мақбараи Алоуддин мавҷуд аст, ки рамзи шаҳр ба ҳисоб меравад), Масҷиди Хоҷатеппа (1987, бузургтарин дар мамлакат) ҷолиби диққатанд.

Бародаршаҳрҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. https://www.ankara.bel.tr/baskan?web=1
  2. 2.0 2.1 YerelNet — Портали мақомоти маҳаллӣ. 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 июли 2012.
  3. https://www.harita.gov.tr/images/urun/il_ilce_alanlari.pdf
  4. 4.0 4.1 https://dergipark.org.tr/download/article-file/370152
  5. Turksat.gov.tr — City and village population, annual growth rate of popupation, surface area and density by districts. 28 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 ноябри 2018.
  6. TÜİK, İl yaş grubu ve cinsiyete göre nüfus — 2008, Ankara. 28 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 сентябри 2011.
  7. Города-побратимы. Внешние связи Бойгонӣ шудааст 27 августи 2010  сол. Официальный сайт Исполнительного органа местной государственной власти в городе Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  8. 8.00 8.01 8.02 8.03 8.04 8.05 8.06 8.07 8.08 8.09 8.10 8.11 8.12 8.13 8.14 8.15 8.16 8.17 8.18 8.19 8.20 8.21 8.22 8.23 8.24 8.25 8.26 8.27 8.28 8.29 8.30 8.31 8.32 8.33 Sister Cities Of Ankara Бойгонӣ шудааст 5 июли 2010  сол. Greater Municipality of Ankara(тур.)(англ.)
  9. Twin towns and Sister cities of Minsk [via WaybackMachine.com] (Russian). The department of protocol and international relations of Minsk City Executive Committee. 21 июли 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2013.
  10. Oraşe înfrăţite (Twin cities of Minsk) [via WaybackMachine.com] (Romanian). Primăria Municipiului Chişinău. 21 июли 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2012.
  11. Frequently Asked Questions — Office of Protocol and International Affairs | os
  12. daenet d.o.o. Sarajevo Official Web Site: Sister cities. Sarajevo.ba. 6 май 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 апрели 2009.
  13. Tbilisi Sister Cities. Tbilisi City Hall. Tbilisi Municipal Portal. 5 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 июли 2013.
  14. Twinning Cities: International Relations (PDF). Municipality of Tirana. www.tirana.gov.al. 23 июни 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2011.
  15. Signing Sister City Protocol between Zagreb and Ankara. Ankara Metropolitan Municipality (27 October 2008). 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 октябри 2012.