Аҳмад Алӣ Мирғонӣ ( ар. أحمد الميرغني‎ таваллуд 16 августи соли 1941, Хартуми Шимолй — г. 2 ноябри соли 2008, Искандария, Миср ) — Арбоби давлатии Судон, президенти Судон дар солҳои 1986-1989.

Аҳмад Алӣ Мирғонӣ
6 май 1986 — 30 июн 1989
Пешгузашта Абдурраҳмон Сивор Даҳаб
Ҷонишин Умар ал-Башир
Таваллуд 16 август 1941(1941-08-16)
Даргузашт 2 ноябр 2008(2008-11-02) (67 сол)
Ҳизб
Таҳсилот

Зиндагинома

вироиш

Соли 1941 дар Хартуми Шимолй дар оилаи бой ва обруманд таваллуд ёфтааст. Ӯ дар Донишгоҳи Лондон таҳсил кардааст. Баъди ба ватан баргаштанаш ба сиёсат машғул шуд. Соли 1986 ӯ дар интихоботи президентии демократӣ пирӯз шуда, президенти Судон гардид. 15 июни соли 1989 аз кӯшиши табаддулот пешгирӣ карда шуд, даҳҳо афсарони низомӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Бо вуҷуди ин, аллакай рӯзи 30 июн низомиён қудратро ба даст оварданд, Умар ал-Башир президенти давлат шуд. Мирғонӣ маҷбур шуд ба Миср фирор кунад. Вай соли 2006 ба Судон баргашт. Дар ҳалли низоъ дар Дарфур ширкат кардааст. Мирғонӣ 2 ноябри соли 2008 дар синни 67-солагӣ дар Миср даргузашт. Дар Хартум дафн карда шудааст.

Пайвандҳо

вироиш