Аҳмад Закӣ Абушодӣ (ар. أحمد زكي أبو شادي, Aḥmad Zakī Abū Shādī‎; 9 феврал 1892, Қоҳира — 12 апрел 1955, Вашингтон) — нависанда, адиб ва тарҷумони мисрӣ.

Аҳмад Закӣ Абушодӣ
ар. أحمد زكي أبو شادي
Таърихи таваллуд: 9 феврал 1892(1892-02-09)[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 апрел 1955(1955-04-12)[4] (63 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: қасида ва historical fiction[d]
Забони осор: арабӣ[5] ва инглисӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Донишгоҳи Лондонро бо ихтисоси духтур-бактериолог хатм кардааст (1912 — 1922). Дар Қоҳира соли 1936 маҳфили адабӣ ва маҷаллае бо номи «Аполло» таъсис кард. Аз соли 1939 дар Искандария ба нашри маҷалла. «Адаб» машғул буд. Соли 1946 ба Америка ҳиҷрат кард. Дар Нию-Йорк муҳаррири рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои арабӣ буд. Дар Институти Осиёии Ню-Йорк адабиёти арабро дарс медод.

Ба қалами Абушодӣ қасидаҳо, қиссаҳо ва драмаҳои манзум мутааллиқанд. Осори манзумаш дар маҷмӯаҳои «Шабнами саҳар» (1910), «Шӯълаҳо ва сояҳо» (1931) фароҳам омадаанд. Инчунин қиссаи таърихии «Ибни Зайдун дар ҳабс», «Вафоти Имраулқайс» (ҳар ду 1925) аз осори ӯст. Ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, рубоиёти Умари Хайём, фоҷиаҳои Шекспир ва асарҳои шоирони дигари Шарқу Ғарбро ба арабӣ тарҷума кардааст.

  1. Dictionary of African Biography (ингл.) / E. K. Akyeampong, Henry Louis Gates, Jr.NYC: OUP, 2012.
  2. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. Национальная библиотека Португалии — 1796.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Сарчашма

вироиш