Бадоеъу-с-саноеъ
«Бадоеъу-c-саноеъ» (ар. بدایع الصنایع) — асари Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, ки соли 1493 бо ташвиқ ва маслиҳати Алишер Навоӣ таълиф кардааст ва аз боби арӯзу санъатҳои шеърӣ баҳс мекунад.
Нависанда | Атоуллоҳи Ҳусайнӣ |
---|---|
Таърихи интишор | 1493 |
Сохтор
вироиш«Бадоеъу-c-саноеъ» аз дебоча, муқаддима, се санъат (боб) ва хотима иборат мебошад. Дебоча сабаби эҷоди китоб ва шароити иншои он, муқаддима — «Дар усули илми арӯз» — шарҳи баҳрҳо ва зиҳофоти онро дар бар мегирад. Дар боби 1 — «Дар баёни муҳассаноти лафзия» 60 санъати лафзӣ ва дар боби 2 — «Дар муҳассаноти маънавӣ» 65 санъати маънавӣ шарҳ ёфтаанд. Боби 3 — «Дар муҳассаноти лафзияву маънавия» шомили 22 санъати муштараки маънавию лафзист. Хотимаи «Бадоеъу-c-саноеъ» аз ду баҳс иборат буда, дар баҳси аввал иллатҳои шеърии лафзию маънавӣ ва дар баҳси дуюм 15 истилоҳи адабӣ шарҳ дода шудаанд. Дар хотима баъзе нуқсонҳои шеър мавриди танқид қарор гирифтаанд.
Атоуллоҳ дар «Бадоеъу-c-саноеъ» санъатҳои бадеиро ба гурӯҳҳо — маънавӣ, лафзӣ ва муштарак тақсим кардааст, ки ин равиш дар китобҳои муътабари адабиётшиносии то замони Атоуллоҳ ба монади «Тарҷумону-л-балоға»-и Умари Родуёнӣ, «Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқ-иш-шеър»-и Рашиди Ватвот, «Ал-Муъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ ва ғ. дида намешавад.
Баҳсу мунозираҳо
вироишДар «Бадоеъу-c-саноеъ» баҳсу мунозира ва таҳлилу тадқиқ мавқеи муҳим доранд. Масъалаҳои гуногуни улуми адабӣ ва балоғатро муаллиф бо баррасии мулоҳизоти назарияпардозони Аҷаму Араб, ба монанди Рашиди Ватвот, Шамси Қайси Розӣ, Шарафуддини Ромӣ, Шарафуддин Алии Яздӣ, Саккокӣ, Ибни Асир, Тафтозонӣ, Қутбуддини Шерозӣ ва диг. муқоиса карда, саҳеҳӣ ва ноқисии онҳоро нишон додааст. Мас., дар «Бадоеъу-c-саноеъ» дар мавриди таҳлили санъати таҷнис ва навъҳои он бештар аз 30 маротиба ба манбаъҳои гуногуни форсию арабӣ истинод шудааст. Дар «Бадоеъу-c-саноеъ» оид ба таносуби лафз ва маънӣ дар шеър андешаҳои ҷолиб баён шудаанд. Муаллиф дар шеър ягонагии лафзу маъниро зарур дониста, аз ҷумла навиштааст: "Бидон, ки асл дар муҳассаноти лафзия он аст, ки алфозро тобеи маънӣ созанд, балки асл дар ҷумлаи муҳассанот он аст: «Калом бар ваҷҳе адо ёбад, ки дар инфиҳом (фаҳм)-и маънӣ ва латофати он, дар аҳкоми таркиб ва салосати он ихтилол (халал)-е падид наёяд». Муаллифи «Бадоеъу-c-саноеъ» аз осори қариб панҷоҳ шоир — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Анварӣ, Унсурӣ, Муиззӣ, Хоқонӣ ва адибони номашҳур — Баҳромӣ, Ризоӣ, Нишопурӣ, Котибӣ, Назирӣ ва диг. мисолҳо овардааст. Дар он аз эҷодиёти худи Атоуллоҳ тақр. 700 байт омадааст. «Бадоеъу-c-саноеъ» арзиши бузурги илмии амалӣ ва назарӣ дорад. Дар таҳқиқи сайри таърихии афкори эстетикии суханварони форс-тоҷик, омӯхтани таърихи адабиёт ва муҳити адабии замони муаллиф аҳаммияти махсус дорад. Ба он Навоӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла гуфтааст: «Маълум нест, ки дар ин фан ҳаргиз касе ба ин андоза китобе ҷомеъ ва муфид таълиф карда тавонад».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бадоеъу-c-саноеъ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Бадоеъ-ус-саноеъ. Д., 1974.