Базла
Базла (ар. بذله — сухани хушу шӯхомез, аския) — дар адабиёт як навъ мутоиба, каломест мухтасару муҷаз, шӯхиомез.
Дар адабиёт
вироишДар анвои гуногуни шеър — ғазал, рубоӣ, қитъа, байт ва осори мансури тоҷикӣ (форсӣ) ба таври алоҳида ё дар матни шеърҳо, ҳикоёту латифаҳо ва ғайра оварда мешавад. Як навъ сухани хушу марғуберо, ки дар вақти суҳбат бадоҳатан (дар посух) гуфта мешавад, базла меноманд. Аз латифаҳои адабию халқӣ бо ҳаҷми кӯтоҳи худ фарқ мекунад. Базлагӯӣ бештар дар маҳфилу нишаст ва мусоҳибаи аҳли адаб, гуфтугӯи мардуми хушсухану закӣ барпо мегардад. Унсури танқид мазамматро дар бар намегирад. Хонанда аз содалавҳӣ ё ҷавоби нишонраси қаҳрамони базла ба завқ меояду механдад. Аз ҷумла, дар эҷодиёти Убайди Зоконӣ ба назар мерасад:
Касе ба ҷанги шер мерафт. Наъраву тиз медод. Гуфтанд: «Наъра чаро мезанӣ?» Гуфт: «То шер битарсад». Гуфтанд: «Чаро тиз мезанӣ?» Гуфт: «Ман низ метарсам».
Шахсе бо дӯсте гуфт: «Панҷоҳ ман гандум доштам, то маро хабар шуд, мушон тамом хӯрда буданд». Ӯ гуфт: «Ман низ панҷоҳ ман гандум доштам, то мушонро хабар шуд, ман тамом хӯрда будам».
Дар яке аз базлаҳои тоҷикӣ ривоят шудааст:
Муаззине азон мегуфту медавид. Пурсиданд, ки чаро медавӣ? Гуфт: «Мегӯянд, ки овози ту аз дур хуш аст. Медавам, то овози худро аз дур бишунавам».
Вобаста ба базла дар забону адабиёти тоҷикӣ (форсӣ) истилоҳоти «базлагӯ»-ю «базлахон» маъмул гаштаанд. Дар «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ омадааст, ки: «Хоҷа Ҳофиз базлаву латифаи бисёр гуфтӣ». Худи Ҳофиз дар ин маънӣ фармудааст:
Хона беташвишу соқӣ ёру мутриб базлагӯ(й),
Мавсими айш асту даври соғару аҳди шабоб.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Базла /Д. Раҳимов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М).– Душанбе, 2015. – 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8
Адабиёт
вироиш- علی اسغر حلبی. مقدمۀ بر طنز و شوخ طبعی در ایران. تهران، ۱۳۶۴ هـ. ش؛
- رحیم عفیفی. فرهنگنامۀ شعری. تهران، ۱۳۷۲ هـ. ش؛
- فرهنگنامۀ أدبئ فارسی. دانشنامۀ أدب فارسی. ج. ۲. تهران، ۱۳۷۶ هـ. ش.
Сарчашма
вироиш- Базла / Д. Раҳимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 262. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.