Ҳофиз
Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (форсӣ: خواجه شمسالدین محمد حافظ شیرازی; тақрибан 1325[1][2][3], Шероз, Muzaffarids of Iran[d] — на пештар аз 1389 и на дертар аз 1390, Шероз, Имперотурии Темурӣ[d]) — сӯфӣ, ориф, ҳофизи Қуръон ва шоири форс-тоҷик.
форсӣ: خواجه شمسالدین محمد حافظ شیرازی | |
Тахаллусҳо: | حافظ |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 1325[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | на пештар аз 1389 и на дертар аз 1390 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | рубоӣ, қасида, байт, ғазал |
Забони осор: | форсӣ, тоҷикӣ ва арабӣ |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндагинома
вироишСоли 1325 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби "Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард.
- Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
- Сабт аст бар чаридаи олам давоми мо.
Бобои Ҳофиз, ки аз Купо ном музофоти Исфаҳон буд, ҳангоми ҷавонии падари Ҳофиз ба Шероз мекӯчад ва дар он ҷо иқомат ихтиёр мекунад. Падари Ҳофиз, ки Баҳоуддин ном дошт, дар Шероз ба касби тиҷорат машғул буд. Модари ӯ аз аҳли Козерун буд. Зиндагии осоишта дар хонадони Ҳофиз дер напоид. Ҳанӯз дар вақти тифл будани Ҳофиз падари ҷавони ӯ аз олам гузашт. Аз ӯ чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андак вақт мероси гузоштаи падари Ҳофиз тамом шуд. Бародарони ӯ ба ҷустуҷӯи луқмаи ноне ба ҳар тараф рафтанд. Ҳофиз, ки дар байни онҳо аз ҳама хурд буд, бо модараш дар Шероз монд. Модар фарзанди худро аз хӯроку пӯшок таъмин карда натавониста, ӯро ба дари сарватманде ба хидмат дод. Ҳофиз баъд аз чанде ба хидмати нонвоӣ ба шогирдӣ истод ва касби хамиргариро пешаи худ сохт. Касби Ҳофиз хурдсол басе вазнин ва тоқатфарсо буд. Ӯ аз нимаи шаб то субҳ хамир мекард ва музди ба даст овардаашро ба чаҳор ҳисса тақсим мекард; як ҳиссаи онро ба модараш медод, як ҳиссаро худаш сарф мекард ва як ҳиссаи дигарро ба мактабдор дода, рӯзона дар мактаби ӯ мехонд. Чоряки боқимондаро ба бечорагон хайр мекард. Дар мактаб Ҳофиз истеъдоди фавқулоддаи фитрӣ зоҳир намуда, Қуръонро зуд аз ёд кард ва хондану навиштанро низ ба хубӣ омӯхт. Дар маҳаллае, ки Ҳофиз мезист, дӯконе буд, ки онҷо аҳли адаб ҷамъ шуда, муошира ва базми сухан меоростанд. Ҳофиз низ гоҳ-гоҳе аз он маҳфил файз гирифта, ба машқи шеър оғоз кард. Лекин бештари вақти ӯ ба андӯхтани илм сарф шуда, Ҳофиз дар баробари мустақилона омӯхтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, ҳадису фиқҳ, ҳандасаву нуҷум ва Қуръонро бо ҷидду ҷаҳд омӯхта, дар андак замоне ҳамчун олим машҳур шуд. Ӯ ҳатто ба китоби машҳури ‘’Тафсири кашшоф’’ шарҳ навишт. Ҳофиз ҷое ба омӯзиши улум ишора карда мегӯяд:
- Илму фазле, ки ба чанд сол дилам ҷамъ овард,
- Тарсам он наргиси мастона ба яғмо бибарад
Аз ишораҳои худи ӯ муҳаққиқони гузашта ва имрӯза пай бурдаанд, ки ӯ соҳиби зану фарзанд будааст. Ба қавли муаллифи тазкираи «Хизонаи Омира» Ғуломалихони Озод, фарзанди калони Ҳофизи Шерозӣ, ки Шоҳнуъмон ном доштааст, дар Ҳиндустон фавт карда будааст. Фарзанди дигари ӯ дар кӯдакӣ аз олам гузаштааст. Инчунин аз ашъори Ҳофиз маълум мешавад, ки ёри азизаш ҳам ӯро танҳо гузошта, оламро хеле пеш аз ӯ падруд гуфта будааст. Бар замми маҳрумиятҳои оилавӣ ва шахсӣ Ҳофиз Шерозӣ аз замонаи шум низ азиятҳои зиёд мекашид.
Ҳофиз дар замоне ҳаёт ба сар мебурд, ки задухӯрдҳои пайдарпаи ҳокимони маҳаллӣ мамлакатро хароб ва мардумро хонавайрон мекарданд. Дар баробари нооромии замон, задухӯрдҳои ашрофзодагон, қатлу ғорати бегонагон аҳволи зиндагии Ҳофиз ҳам, бешубҳа тоқатфарсо буд. Махсусан ҳокимону давлатмандони Шероз ба қадри сухани Ҳофиз намерасиданд. Аз ҳамин ҷиҳат шоири бузургвор шикваҳо мекард.
- Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
- Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.
Бо вуҷуди ин қадар парешонӣ Ҳофиз шабу рӯз кор мекард, шеър мегуфт. Ғазалҳои намакини ӯ дар саросари кишварҳое, ки забони тоҷикӣ — форсиро медонистанд, ғулғулахо меафганд ва ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ дар ҳама ҷо мақбули дилу ҳавоси мардуми авом мегардид. Мураттиби номаълуми девони Ҳофизи Шерозӣ низ пас аз андаки вафоти ӯ хабар медиҳад, ки шеъри Ҳофизи Шерозӣ бо тамоми ҷалол ва шукӯҳ дар андак муддате ба ақсои Туркистон, Ҳиндустон, Ироқ, Озарбойҷон расида, ғазалҳои шӯрангези ӯ чунон маъқули хосу ом гашта буд, ки маҷлисе бе нуқли сухани завқомези ӯ равнақ намеёфт. Худи Ҳофиз низ шуҳрати ашъори шӯрангези худро чунин тасвир менамояд:
- Ба шеъри Ҳофизи Шероз мегӯянду мерақсанд,
- Сиёҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.
- Ироқу Порс гирифтӣ ба шеъри хуш Ҳофиз,
- Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.
Овозаи Ҳофизро шунида, ҳокимони гуногун аз Ҳиндустону Ироқ мехоҳанд, ки Ҳофиз дар дарбори онҳо хидмат кунад. Ӯро бо ин мақсад даъват мекунанд. Чунончи, дар замони Муборизиддин, ки аҳволи Ҳофиз дар Шероз табоҳ буд, Султон Увайс ӯро ба Бағдод даъват мекунад. Дере нагузашта бародари ӯ Султон Аҳмад Султон Увайсро кушта, дар соли 1382 ба тахт нишаст. Ӯ низ хост, ки Ҳофизро ба дарбори худ ҷалб намояд. Вале Ҳофиз аз Порс ба ҷониби Бағдод рағбат накард ва ба хушкпораи нони ватани худ қаноат намуда, онро аз шаҳди шаҳрҳои ғарибӣ боло мегузошт. Ҳофиз зодгоҳаш Шерозро басе дӯст медошт ва ба он ифтихор мекард. Аз ин рӯ, ба сахтиву зорӣ ҳам бошад, зиндагии Ҳофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфаҳону Ҳурмуз ба сафар баромадани ӯро муҳаққиқон тахмин мекунанд. Вафоти Ҳофиз дар соли 1390 мелодӣ воқеъ гардидааст. Ҳарчанд Ҳофизи Шерозӣ кайҳо вафот кардааст, вале каломи шӯрангезу ашъори диловезаш ҳазорон шӯридагону ошиқони сухани форсиро тасхир намудаву барои ҳамешагӣ симои ӯро дар дилу дидаи дилбохтагон ва ҳаводоронаш зинда медорад.
- Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
- Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
- Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
- Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
- Чу дар даст аст рӯде хуш, бизан мутриб, суруде хуш,
- Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.
Шӯҳрати ҷаҳонии Ҳофиз
вироишҲофиз бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шуҳрат пайдо карда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст. Номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ — Эрон гузашта дар тамоми дунё машҳур шуд. Вай дар замоне, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Эрону Мовароуннаҳр бисёр воқеа ва ҳодисаҳои ногувор рӯй медоданд умр ба сар бурда ва бо қалами сеҳрангези худ ҳама беадолатию мардумфиребӣ, ҷахлу ғурури табақаҳои ҳукмрони ҷамъиятро фош мекард. Аҳамияти каломи шӯрангези Ҳофиз ва сирри шуҳрати шоири бузург дар ин аст, ки маънӣ ва мазмунҳои баланди назарӣ, панду ҳикматро бо суханҳои ширин баён кардаву ба ҳар мавзӯъ аз равзанаи ишқ менигарад. Умуман Ҳофиз дар эҷод намудани шеър монанди як наққоши моҳир ҳар як маъниро бо рангҳои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Аз ин ҷиҳат Ҳофиз ҳам монанди бисёр шоирони гузашта боварӣ дошт, ки шеъраш умри зиёде хоҳад дид.
Дар китобхонаҳои машҳури дунё, нусхаҳои девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори инсоният маҳфузанд. Намунаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар Ҳиндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойҷон, Осиёи Миёна, Россия, Олмону Ингилистон ва ғайра нашр ва тарҷума гардидаанд. Бисёре аз шоирони ғазалсаро, чун К. Ҳуҷандӣ, Ҳилолӣ, Фузулӣ, Навоӣ, Ҷомӣ, ва ғайраҳо аз ғазалҳои ӯ илҳом гирифта ва дар пайравии ашъори ҷаҳоншумулаш эҷод кардаанд. Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид карда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра ёфтанд. Ба ҳамин тариқ, шуҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун баромада, ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми арҷманде гирифтааст. Яъне Ҳофиз яке аз он шоиронест, ки хусусиятҳои бисёр нозук ва латифи забони дарӣ — порсиро медонист. Дар тараққӣ ва ҳусну латофати ин забон хидматҳои тақдиршавандае кардааст, дар ашъори ӯ садҳо таркиб ва ибораҳои нав вомехӯрад.
Ҳофиз дар ғазалҳои ҷонгудози худ пеш аз ҳама ишқро тараннум карда, онро чун ёдгори бемунтаҳои инсоният ба қалам додаст. Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни ҷаҳон дохил шудааст ва аз ин рӯ, ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лириканависи беназир шуҳрати ҷахонӣ дорад. Ҳофиз ва шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шудаанд ва дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён кардаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ шоири немиси асри XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илҳомбахш, пас аз ошноӣ пайдо карданаш бо эҷодиёти Ҳофиз навиштааст:
«Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад»
.
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Encyclopédie Larousse en ligne (фр.)
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Union List of Artist Names (ингл.)