Базми дойрахабар (Базми сафолак дар Бухоро) - ҷамъомаде, ки бо садои баланди дойра барпо мегардид ва аз оғози ягон тантана дарак медод. Ин Базми умумӣ буда, ҳар кас метавонист дар он иштирок кунад. Базми дойрахабар дар асрҳои пешин дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ маъмул буд. Ин Базм бо садои баланди дойра сурат мегирифт ва маъмулан дойранавозон бо навохтани дойра хабар медоданд, ки дар ҷое ҷашн, сур ё дигар навъи хурсандӣ, яъне Базм баргузор мешавад. Дар Бухоро Базми дойрахабарро Базми сафолак низ меноманд. Мардуми Бухоро истилоҳи «сафолак»-ро ба дойрадасти мумтоз Собири Сафолак (1845 – 1905) мансуб медонанд ва он ба иштироки 3 – 4 дойрадаст барпо мегардид. Онҳо дойраро баланд навохта, ҳунар нишон медоданд ва барои раққос лаҳзаи мусоиди пурхурӯш муҳайё менамуданд. Дар ин Базм танҳо мерақсиданд. Базми сафолакро охири асри XIX ва аввали асри XX бештар Собири Сафолак, эшони Набихўҷа ва Раҷаби Сиёҳ ташкил мекарданд.

Дойристҳо. Ансамбли "Навруз"

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Амонов Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб (Дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор). - Д., 1963;
  • Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. - Д., 1978;
  • Андреев М. С. По этнологии Афганистана. Долина Панджшир (Материалы из поездки в Афганистан в 1926 году). - Ташкент, 1927;
  • Рахмони Р. Простонародная литература современного Афганистана (Устная авторская поэзия на языке дари), част 1 – 2. - М., 1994;
  • Нурджанов Н. Театральная и музыкальная жизнь столици государства Саманидов. - Д., 2001; ҳамон муалл.,
  • Традиционный театр таджиков. Т. 1 – 2. - Д., 2002.

Адабиёт

вироиш