Базми хоса — маҳфиле, ки дар манзили шоҳон, амалдорон. ҳокимон ва шахсони мансабдор баргузор мешуд. Дар он як гурӯҳи махсуси ҳунарии созандагону рақскунандагон даъват мешуданд, ки аз 6 — 7 нафар иборат буданд. Ҳайати чунин гурӯҳи ҳунарӣ аз дойрадастон, дуторнавоз, рубобнавоз, ғиҷҷакнавоз, найнавоз, танбӯрнавоз, сатонавоз, нақоранавоз ва қобузнавоз иборат буд (теъдоди навозандагон вобаста ба маҳфил буд). Баъзан ба ҳавои ансамбл раққос ҳунарнамоӣ мекард. Се найчӣ, ду дойрадаст ва раққос мавригихонӣ низ мекарданд.

Нигаред низ вироиш


Адабиёт вироиш

  • Амонов Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб (Дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор). — Д., 1963;
  • Зеҳниева Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. — Д., 1978;
  • Андреев М. С. По этнологии Афганистана. Долина Панджшир (Материалы из поездки в Афганистан в 1926 году). — Ташкент, 1927;
  • Рахмони Р. Простонародная литература современного Афганистана (Устная авторская поэзия на языке дари), част 1 — 2. — М., 1994;
  • Нурджанов Н. Театральная и музыкальная жизнь столици государства Саманидов. — Д., 2001; ҳамон муалл.,
  • Традиционный театр таджиков. Т. 1 — 2. — Д., 2002.


Адабиёт вироиш