Мавригӣ — аз силсилаи суруду рақс, оҳанг ва зарбу усулҳои хос иборат буда, аз тарафи мардҳо ва занҳо дар базму тӯю хурсандиҳо иҷро мешавад. Рақсҳо дар мавригӣ дар асоси оҳангҳои бо ҳам наздики эронӣ ва тоҷикӣ эҷод шудаанд.

Таърих

вироиш

Мавригӣ дар охири асри ХIХ ва оғози асри ХХ дар Бухоро ба вуҷуд омадааст. Ни ҳунар аввал танҳо ба минтақаи Бухоро хос буд ва баъдтар дар байни тоҷикони Осиёи Миёна паҳн шуд. Ин таронаҳои мардумӣ дар байни тоҷикони Бухорову Самарқанд, инчунин яҳудиёни тоҷик (бухороӣ) маъруф буданд ва ҳастанд, гарчанде имрӯз бархе аз онҳо ба забони бегона садо медиҳанд. Якчанд аз ин гуна сурудҳоро бастакорони классик пурра ё қисман ба таркиби таронаҳои машҳури Шашмақом, аз қабили Уфари Уззол, Оромиҷон ва ғ. ворид сохтаанд. Матни бархе аз ин гуна таронаҳоро, ки ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудаанд.[1] Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ силсилаи суруду рақси «Мавригӣ» дар санъати Тоҷикистон низ рушд ёфт ва дар репертуари ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо», ва раққосони алоҳида ҷой гирифт. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар он дар барномаҳои ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатӣ, дастаҳои фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ»-и ш. Турсунзода, «Насими Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав, «Бонуи»-и ноҳияи Панҷакент ва чанде дигар ворид шудааст.[2]

Тавсифи мухтасар

вироиш

Дастаи маврихонон аз се доирадаст, ҳофизон ва раққосон иборат аст. Силсилаи сурудҳои Мавригӣ аз қисмҳои шаҳд, чорзарб, сархона, макайлик ва гарайлӣ иборат буда, пайдарҳам ва бидуни фосила иҷро карда мешаванд. Маврихонҳои хушовозро марғулахон ва каммаҳоратро ростхон мегуфтанд. Дар оғоз сариовозгир як мисраи мухаммасеро бо овози ларзон иҷро мекунад. Сипас иҷрои шаҳд, ки қисми кӯтоҳи даромад буда, матнаш аз рубоӣ иборат аст, шурӯъ мешавад. Сароянда нидоҳои «эй ҷон», «амон — амон»- ро бо овози ларзон мад кашида месарояд. Сипас бо тағйири усули доира яккахон пас аз 2-3 бор хондани шаҳд ба гардон мегузарад. Яккахон бо гурӯҳи ҳофизон бо навбат рубоӣ мехонанд. Суруди машҳури мавригӣ чорзарб мебошад, ки дар рафти иҷрояш 4 маротиба зарб тағйир меёбад. Сипас ба фаровард, ки матнаш аз якчанд байти Ҳофизи Шерозӣ иборат аст, мегузарад. Пас ба иҷрои фуроварди гардон ва сурудҳои рақсӣ мепардозад. Ҳар як силсилаи хонишро пайт меноманд, ки аз шаҳд, гардон ва фуровард иборат аст. Инчунин дар маврихонӣ сурудҳои алоҳида бо номи майдағазал истифода мешаванд. Масалан сурудҳои шӯху хандаовари «Мурғак», «Ҳасанҷон», «Уштур ба чаман», «Биё як», «Аз ман чаро ранҷидаӣ», «Секинак», «Гули лола», «Шоҳдухтар» ва амсоли инҳо иҷро мегарданд. Пас аз рақси Чорзарб жанри майдахонӣ ё миёнхона (нақарот) иҷро мешавад. Қисми охир, яъне ғарайлӣ боз ҳам тезтар шуда, оҳангҳои тағирёбандаи рақсӣ бо ҳамроҳшавии нақора иҷро мешаванд. Дар рақси «Мавригӣ» ҳам марду ҳам зан ҳаракати «шикан-шикан»-ро бо ангуштони ду даст садо бароварда, бо ин ҳаракат ба пеш ҳаракат мекунанд. Раққоса ҳаракатҳорогоҳ дар як тараф ва гоҳ дар тарафи дигар иҷро намуда, оҳиста-оҳиста ба пеш, сипас ба қафо меравад ва чарх зада менишинад. Ӯ кӯшиш менамояд, ки мазмуни таъсирнокии сурудротавассути ҳаракатҳои рақсӣ ва имову ишора кушояд.[2]

Порчаҳо аз таронаҳо

вироиш

Мавригӣ

вироиш
Кам-камак рафтам сӯйи заргаре,
Кам-камак рафтам сӯйи заргаре.
Заргаре, гуфтам, гӯшвор надорӣ?
Заргаре, гуфтам, гӯшвор надорӣ?…[1]

Мавригӣ

вироиш
Соқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ,
То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ.
Имшаб чӣ шаб аст, ман ба гирдат мастам, ёре, май ба кас мадеҳ,
Соқӣ, ман мастам, май ба кас мадеҳ,
То ки ман ҳастам, дил ба кас мадеҳ….

Мавригӣ

вироиш
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме,…

Мавригӣ

вироиш
Як ханда кун, ду ханда кун,
Як хандаи зебанда кун.
Як ханда кун, ду ханда кун,
Дилама бароят банда кун….

Мавригӣ

вироиш
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие.
Шасту шасту чор шаста кардие,
Маро ба қошакот банда кардие….

Мавригӣ

вироиш
Ёр омаду ёр омадо, ба ҷонам,
Ёр аз раҳи дур омадо, ба ҷонам,
Бархезу канораш гире, ба ҷонам,
Ёри рафта бозомадо, ба ҷонам,
Ёри рафта бозомадо, ба ҷонам….

Мавригӣ

вироиш
Зангӯла ба дастонат бубанд, зангӯла ба дастон,
Қоштилло ба сар, ҳалқаҳо ба гӯш, ба гарданат марҷон.
Зангӯла ба дастонат бубанд, зангӯла ба дастон,
Қоштилло ба сар, ҳалқаҳо ба гӯш, ба гарданат марҷон.
Кафши бухорӣ ба по бикаш, ба миён камарбанд,
Ба ҷилва биё, рақс бинамо, санами Самарқанд.
Кафши бухорӣ ба по бикаш, ба миён камарбанд,
Ба ҷилва биё, рақс бинамо, санами Самарқанд….

Мавригӣ

вироиш
Борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Э, борони нармак мезанад,
Дигар чӣ гармак мезанад,
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад.
Дар пуштаҳои ёди ман
Як лола чашмак мезанад….

Мавригӣ

вироиш
Саҳар дар шохаҳои гул.
Туро мебинам, эй булбул.
Ту, эй, ту, эй булбули хушхон,
Зи шавқи гул бизан фарёд.
Бизан фарёд, бикун ғулғул,
Адояте….

Мавригӣ

вироиш
Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда,
Чашмони сиёҳи ғазалита садқа,
Қошони сиёҳи қаламита банда….[1]

Донистаниҳо

вироиш

Доир ба таронаҳои мардумии Мавригӣ мусиқишиносони Тоҷикистон Аслиддин Низомов, Фаттоҳ Одина, Баҳринисо Қобилова ва диг асарҳои ҷолибе навиштаанд. Овозхонҳои муосири Тоҷик — Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов яке аз таронаҳои мавригиро хеле хуб сароида видеоклипе сабт намудаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Низомов, А. Таърихи мусиқии тоҷик. — Душанбе, 2014
  • Низомов, Х. Созшиносӣ. — Душанбе: Адиб, 2016.
  • Нурҷонов, Н., Қобилова, Б., Мавригӣ. — Душанбе, 2008.
  • Нурҷонов, Н. Олами беканори рақси тоҷик: очерки таърихӣ-назарӣ. — Душанбе, 2004.

Пайвандҳо

вироиш
  1. 1.0 1.1 1.2 zarowadk.ru Таронаҳои мардумӣ: мавригӣ
  2. 2.0 2.1 Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. — Душанбе: Эр-Граф, 2017. — С. 66-67. — 280 с.