Банголиҳо
Банголиҳо — халқият, аҳолии асосии Банглодеш ва иёлати Банголаи Ҷанубӣ дар Ҳиндустон (иёлоти Биҳор, Ҷарханд, Ариса ва Ассам). Ҳамчунин, дар Непал, Бутан, Сингапур ва Британияи Кабир зиндагӣ доранд. Шумораи умумии Б. – 250 млн нафар (2009). Дар Банглодеш тақр. 150 млн нафар, дар Ҳиндустон 100 млн нафар ҳаёт ба сар мебаранд. Забони Б. банголӣ буда, ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуориёии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб аст. Дар Банглодеш шакли хосси забони банголӣ, ки аз лаҳҷаи даккӣ таркиб ёфтааст, маъмул аст. Ҳамчунин, Б. ба забонҳои урду, ҳиндӣ ва англисӣ такаллум мекунанд. Алифбои Б. – бонгаккхор намунае аз хутути қадимии Ҳинд мебошад. Мутобиқи тақсимоти антропологӣ, Б. ба шохаи нажоди сафедпӯстони ҷануб мансубанд; дар шим. шарқ зардпӯстон ва дар ҷан. ғарб дравидҳо бартарӣ доранд. Қисме аз Б.-и Банглодеш мусулмонони суннимазҳаб, қисме ҳиндумазҳабанд. Дар Ҳиндустон мусулмонон, ҳиндувон, ҷайниҳо ва масеҳиёнашон сукунат доранд. Асоси хоҷагидории Б. деҳқонист. Ҳамчунин, моҳидорӣ машғулияти хеле паҳнгардидаи Б. мебошад. Ҳунарҳои гуногуни мардумӣ дар байни Б. хеле ривоҷу равнақ ёфтаанд. Низоми оиладорӣ падаршоҳист.
Сукунат |
Банглодеш Бангладеш: [14] |
---|---|
Забон | Бенгальский язык |
Дин |
Ислам — Бангладеш 88 % Индия 18 %[15] Индуизм — Индия 78 % Бангладеш 11 % Буддизм и христианство — 1 %[16][17] |
Ҷузъе аз | Индоарийские народы |
Хешовандон | Сингалы, Дравиды |
Пайдоиш | Арии |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Эзоҳ
вироиш- ↑ CIA — The World Factbook. 1 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Декабри 2017.
- ↑ Bengalis — Introduction, Location, Language, Folklore, Religion, Major holidays, Rites of passage, Relationships, Living conditions
- ↑ United Nations
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 1 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2016.
- ↑ Channel S, working for the community
- ↑ Account Suspended(пайванди дастнорас — таърих). 4 Январ 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 марти 2009.
- ↑ BBC NEWS | Middle East | Bangladeshis storm Kuwait embassy
- ↑ US Census 2000 foreign born population by country. 1 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2020.
- ↑ 9.0 9.1 Hasan, Rafiq (November 20, 2003), "4,000 Bangladeshis to return from Oman in December", The Daily Star 4 (176), retrieved 2008-12-19
- ↑ 2006 Census of Canada: Topic-based tabulations | Ethnic Origin (247), Single and Multiple Ethnic Origin Responses (3) and Sex (3) for the Population of Canada, Provinces, Terr …. 1 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Декабри 2019.
- ↑ The Daily Star Web Edition Vol. 4 Num 344
- ↑ Ethnologue report for language code: ben
- ↑ 2006 Census QuickStats : Ingleburn (State Suburb). 1 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2020.
- ↑ [国籍別外国人登録者数の推移]
- ↑ Comparing State Polities: A Framework for Analyzing 100 Governments By Michael J. III Sullivan, pg. 119
- ↑ Bangledesh Бойгонӣ шудааст 29 Декабри 2017 сол.- CIA World Factbook
- ↑ Data on Religion. Census of India (2001). Office of the Registrar General & Census Commissioner, India. 26 августи 2006 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2007.
Адабиёт
вироиш- Народы Южной Азии. М., 1963;
- Седловская А. А. Бенгалцы. Новая российская энциклопедия. Т. III (1), М., 2007.
Сарчашма
вироиш- Бангола / Б. Раҳматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.