Баритон
Барито́н (итол. baritono, аз юн.-қад. βαρύτονος — вазнинсадо, аз βαρύς — вазнин τόνος — сад) — овози мардона байни овозҳои бас ва тенор, ки мизонаш аз «ля» ё «си-бемол»-и октаваи калон то «сол» ё «ля-бемол»-и октаваи якум (А, В то Р1, as 1) мерасад.
Нотаҳои овози баритон дар калид (мифтоҳ)-и бас («фа») навишта мешавад. Баритон ду навъ мешавад: баритони лирикӣ, ки аз ҷиҳати хусусияти овозиаш ба тенори драмавӣ наздик аст ва баритони драмавӣ, ки каме боқувват буда, дар регистри поён ба овози бас шабоҳат дорад. Баъзан онро баси баритонӣ низ мегӯянд. Дар ҳамсароӣ (хор) аксар ба ҷойи овозҳои поёни тенор (драмавӣ) баритони лирикӣ ва ба ҷойи партияи аввали бас баритони драмавиро истифода мебаранд. Композиторони зиёде дар операҳояшон ба ин ду хели овоз сароишҳо (партияҳо) эҷод кардаанд. Дар операҳои «Евгений Онегин»-и П. Чайковский (сароиши Онегин), «Фауст»-и Ш. Гуно (сароиши Вапентин) барои овози баритони лирикӣ ва «Алеко»-и С. Рахманинов (сароиши Алеко) барои овози баритони драматикӣ навишта шудаанд.[1] Яқуб Ғолибов (баритони драмавӣ), Рафаэл Толмасов (баритони лирикӣ), Авнер Муллоқандов (баритони лирикӣ-драмавӣ), Адҳам Холиқов (баритони лирикӣ-драмавӣ), Миралӣ Достиев (баритони лирикӣ) ва дигар аз зумраи сарояндагоне мебошанд, ки бо ин сифати овоз (баритон) ҳунарнамоӣ мекардаанд.
2. Сози мисини нафасие низ бо унвони баритон маъмул аст. Сози номбурда аз труба дида, як октава паст садо мебарорад ва дар оркестрҳои нафасӣ ҳамчун сози ҷӯршаванда истифода бурда мешавад.[2]
Нигаред
вироишСарчашма
вироиш- Баритон / Ш. Ҳибибов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 55. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 55. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)