Open main menu

Бахтиёр Худойназаров

Бахтиёр Худойназаров (Худойназаров Бахтиёр Бобоҷонович; 29 майи 1965, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС21 апрели 2015, Берлин, Олмон) — коргардон ва таҳиякунандаи саршиноси тоҷик. Дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ. Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон (1992) ва Русия.[4]

Бахтиёр Худойназаров
Худойназаров Бахтиёр Бобоҷонович
Бахтиёр Худойназаров.jpg
Санаи таваллуд:

29 май 1965(1965-05-29)[1][2][3]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

21 апрел 2015(2015-04-21)[3] (49 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб:

коргардони филм, филмноманавис, таҳиякунандаи филм

Мукофотҳо:
IMDb:

ID 0451998

ЗиндагиномаВироиш

Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 1983 ба ҳайси журналисти радио ва телевизион, ассистент ва режиссёр дар киностудияи «Тоҷикфилм кор кардааст.

Баъд аз хатми Донишгоҳи умумииттифоқии кинематографистон дар Москва (ВГИК) соли 1989, филми аввалинаш “Бародар” -ро (соли 1991) дар бораи саргузашти ду бародарон ба навор гирифта соҳиби якчанд ҷоизаҳои байналхалқии синамогарон (дар Турин, Мангейм, Москва) гардид.

Филми баландмақоми кинематографисти тоҷик Бахтиёр Худойназаров “Қош ба қош” (соли 1993), дар хориҷи кишвар ҷоизаи аврупоии “Шери нуқрагин” (“Серебряный лев”) ва филми дигари ӯ “Падари маҳтобӣ”-и (соли 1999) ба навор гирифта шудаанд. “Падари маҳтобӣ”- (“Лунний папа”) аз рӯи сенарияи Квирикадзе, Ираклий Михайлович бо иштироки ҳунарпешаҳои бомаҳорат Чулпан Хаматова ва Мориц Блябтрой, дар нақшҳои асосӣ шӯҳрати ӯро дар синамои байналмиллалӣ баланд бардоштанд. (ҷоизаҳои байналмилӣ дар Токио, Сочи ва Минск). Соли 2012 филми “Дар интизории баҳр” («В ожидании моря») ва охирин филми ӯ силсилаи (сериали) телевизионии “Гетераҳои майор Соколов” («Гетеры майора Соколова») мебошанд. Солҳои охир Бахтиёр Худойназаров дар Москва ва Берлин истиқомат мекард. Баъд аз бемории вазнин 21 апрели соли 2015 дар Берлин вафот кардааст.[5].[6].[7]

ФилмшиносӣВироиш

Номи филм Сол Коргардон Таҳиякунанда Нависанда Ҳунарпеша
Маъшуқаҳои майёр Соколов

(телесериал)

2014   - - -
Дар интизории баҳр 2012     - -
Bez muzhchin 2011 -   - -
Набераи Гагарин 2007 -   - -
Танкер «Танго» 2006   - - -
Ragin[8] 2004 -   - -
Шик 2003     -
My Sweet Home 2001 - - -  
Падари моҳтобӣ 1999   -   -
Қош ба қош 1993       -
Бародар 1991   -   -

Ҷоизаҳо ва номзадҳоВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #17375435X // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. SNAC — 2010.
  3. 3.0 3.1 filmportal.de — 2005.
  4. Сомонаи “Тоҷикфилм”
  5. Вафоти Бахтиёр Худойназаров, 21 апреля 2015.
  6. Бахтиёр Худойназаров, Интервю
  7. Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012
  8. (creative producer - as Bakhtiyor Khudoynazarov)
  9. 40. Internationales Filmfestival Mannheim, 30.09.—05.10. 1991. Официальный сайт кинофестиваля Мангейм — Хайдельберг. 22 апрели 2015 санҷида шуд.
  10. XV Международный телекинофорум «Вместе» (22-27 августа, Ялта). СК Новости (19 сентября 2014). 27 сентябри 2014 санҷида шуд.
  11. Номинанты премии «Золотой орёл» за 2014 год

ПайвандҳоВироиш