Бахтовар Раҳмонзода
Бахтовар Раҳмонзода (Раҳмонзода Бахтовар Раҳматулло; зод. 23 феврали 1984, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб) — фарҳангӣ ва коргардони овоз, аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали Хидмати шоиста.
Раҳмонзода Бахтовар Раҳматулло | |
Таърихи таваллуд | 23 феврал 1984 |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша | коргардони овоз |
Ҷоизаҳо |
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2007) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишБахтовар Раҳмонзода 23 феврали соли 1984 дар ноҳияи Данғара дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Данғара ва Коллеҷи фарҳанги Тоҷикистон ба номи П.Ҷ. Буйдоқов бо ихтисоси коргардон таҳсил кардааст. Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба ихтисоси ҳуқуқшинос ва Академияи идоракунии давлати назди Президенти Тоҷикистон бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм кардаст.
Корнома
вироишФаъолияти кории худро аз соли 2003 дар Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ сар карда то соли 2014 мутахассиси студияи сабтти овоз буд. Аз соли 2015 муовини аввали директори Иттиҳодияи давлати гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, баъдан аз соли 2017 то соли 2023 директори Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ буд[1].
Бахтовар Раҳмонзода аз моҳи сентябри соли 2023 директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъйин шудааст[2].
Ҷоизаҳо
вироиш- 2007 — Аълочии фарҳанги Тоҷикистон
- 2022 — медали Хидмати шоиста
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аваз Юлдашев. Министр культуры Таджикистана произвел кадровые перестановки в своем ведомстве. asiaplustj.info. ASIA-Plus (30 августи 2017). 8 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Мирсаид Сатториён. Падари Ситораи Кароматуллоро ба кори дигар гузарониданд(тоҷ.). oila.tj. Оила (19 сентябри 2023). 8 феврали 2024 санҷида шуд.