Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ

Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ – яке аз муассисаҳои консертии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Муассисаи консертӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Таърих

вироиш

Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ дар асоси Қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июли соли 2000 таъсис ёфтааст.

Дар ҳайати Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ дастаҳои ҳунарии:

Ансамбли рақсии «Зебо» (роҳбараш Имоми Раҳмониён),

Ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» (то соли 2005),

Ансамбли рақсии «Гулрез» (роҳбараш И.Раҳониён),

Оркестри эстрадии «Гулшан»(роҳбараш Б. Тошев) шомиланд.

Ҳунармандони Иттиҳодия дар саҳнаҳои малакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баромад кардаанд. Солҳои 2000-2002 иштироки ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар фестивали «Баҳори апрел» дар Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея ва Туркия, ҳунармандони ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» дар консерти бозиҳои Олимпии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, иштироки ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар намоишгоҳи «ЭКСПО-2000» дар шаҳри Гановери Олмон намунаи баланди ин комёбиҳо буд. Ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» дар намоишномаи «Ишқи духтари ҳамсоя» соли 2002 дар шаҳри Москва баромад кард. Овозхонҳои оркестри эстрадии «Гулшан», Ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов ва Кимиё Ҷӯраева дар Чумҳурии Халқии Демократии Корея соли 2002 дар фестивали «Баҳори апрел» ҳунарнамоӣ намуда сазовори ҷоизаҳои Фестивал шуданд.

Ҳунарпешагон

вироиш

4 н. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

1 н. Арбоби ҳунари Тоҷикистон

1 н. дорандаи ордени «Шараф»

2 н. Дорандаи «Ифтихорнома»-и Президенти ҶТ

Манобеъ

вироиш

Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010

Пайвандҳо

вироиш