Бақӣ ибни Махлад
Бақӣ и́бни Махлáд (ар. أبو عبد الرحمن بقي بن مخلد القرطبي — Абуабдураҳмон Бақӣ ибни Маҳлади Қуртубӣ; 817—890) — муҳаддис ва муфассири машҳури андалузӣ[1].
Бақӣ ибни Махлад | |
---|---|
ар. بقي بن مخلد | |
Таърихи таваллуд | майи 817 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 27 октябр 889 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | олим |
ЗиндагиномаВироиш
Таҳсилоти ибтидоиро дар маҳфили муҳаддисони Андалус оғоз карда, сипас роҳии сарзаминҳои дигари шим. Африқо, Миср, Ҳарамайн, Димишқ ва шаҳрҳои Ироқ гардид. Бақӣ ибни Махлад бо тӯшаи пурборе аз ҳадису фиқҳ ба Андалус баргашта, ҳамроҳи дӯсташ Муҳаммад ибни Ваззоҳ он сарзаминро пойгоҳе барои наш-ри ҳадис гардонид. Ибни Ҳазм ӯро дар заминаи ривояти ҳадис ҳампойи Имом Бухорӣ арзёбӣ кардааст. Бақӣ ибни Махлад тафсире дошт, ки ба гуфтаи Ибни Ҳазм аз «Тафсири Табарӣ» бартар буда, ҳамчунин, муснаде таълиф намудааст, ки аҳодис дар он дар зайли номи саҳобагон ва ба тартиби мавзӯъу ҳуруфи алифбоӣ танзим ёфта будаанд.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.292 // А. Боқизода.
АдабиётВироиш
- Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
- دانشنامۀ جهان اسلام. ج۳. تهران،۲۰۰۴؛
- خیرالدین زرکلی. الاعلام. بیروت، ۲۰۰۵؛
- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶؛
СарчашмаВироиш
- Бақӣ ибни Махлад // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.