Аҳмад ибни Ҳанбал
Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Ҳанбали Шайбонӣ, маъруф ба Аҳмад ибни Ҳанбал (ар. أحمد بن حنبل; 780 — 855, Бағдод) — яке аз чаҳор имоми мазҳаби фиқҳии аҳли суннат, муҳаддис, фақеҳ ва мутакаллим.
ЗиндагиномаВироиш
Аҳмад ибни Ҳанбал дар Бағдод ба дунё омада ва дар он ҷо вафот кардааст. Ӯ барои истимои ҳадис ба Шом, Яман ва Ҳиҷоз сафарҳо кардааст. Имом Аҳмад дар масъалаи халқи Қуръон бо муътазилиҳо муқовамати сахт нишон дода, ақидаи онҳоро напазируфт ва дар натиҷа халифа Муътасим ӯро ба ҳабс гирифта, шиканҷа кард ва сипас халифаи баъдӣ, яъне Мутаваккил ӯро аз ҳабс озод кард. Ибни Ҳанбал дар ҳадис китоби «ал-Муснад»-ро таълиф кардааст, ки он 30 ҳазор ҳадиси набавии шарифро дарбар мегирад.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 D. B. Ma., group of authors Aḥmad ibn Ḥanbal (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 1. — P. 430—431.
- ↑ 3.0 3.1 Али-заде А. Ахмад ибн Ханбал (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8
- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ Faceted Application of Subject Terminology
- ↑ Trove — 2009.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=pna20221139239