Баҳовадин Абдулсаидович Зуҳурдинов

Баҳовадин Абдулсаидович Зуҳурдинов (тав. 30 сентябри соли 1946, Сталинобод ) — меъмори тоҷик; сармеъмори шаҳри Душанбе, раиси Госстройи Тоҷикистон (1992-2003), президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2005). Бинокори шоистаи Тоҷикистон. Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ. Ҷоизаи байналмилалӣ “Корол”-и Ҷумҳурии Белорус. Ордени Дӯстии халқҳо.

Баҳовадин Абдулсаидович Зуҳурдинов
Таваллуд 30 сентябр 1946(1946-09-30) (77 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
VDNKh bronze medal

Зиндагинома вироиш

Баҳовадин Зуҳурдинов соли 1961 синфи 7-уми мактаби миёнаи ба номи С.Айнӣ (Душанбе), соли 1966 бо дипломи аъло – Омӯзишгоҳи рассомии Душанберо хатм кардааст [1]. Аз соли 1966 дар факултаи меъмории Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, аз соли 1969 дар Донишкадаи меъмории Маскав таҳсил карда, соли 1972 онро хатм кардааст [1] .

Солҳои 1972-1977 дар кафедраи меъмории Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дарс додааст [1] . Солҳои 1977-1990 дар Институти лоиҳакашии Душанбегипрогор (меъмори калон, сардори бригада, сармеъмори лоиҳа, сармеъмори донишкада); соли 1982 курсҳои бозомӯзии Донишкадаи меъмории Маскавро хатм кардааст.

Аз соли 1990 - сармеъмори шаҳри Душанбе [1], муовини раиси Госстрой ҶШС Тоҷикистон. Солҳои 1992-2003 - раиси Госстрой Тоҷикистон [1], муовини раиси Кумитаи иҷроияи миллӣ оид ба маҳалҳои аҳолинишин (Мақомот). Солҳои 2003-2005 мудири шӯъбаи меъморӣ ва сохтмон, муовини раиси Госстройи Тоҷикистон.

Аз соли 2005 - Президенти Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оила вироиш

  • Падар - Абулсаид Зуҳурдинов (1903-1959, Душанбе), ҳуқуқшинос; модар - Муҳарам Алимарданова (? - 1978, Душанбе).
  • Зан — Қурбонова Дилбар Раҳмоновна;
  • Писар — Зуҳур, Беҳзод.

Меъмор вироиш

Дар қатори лоиҳаҳои анҷомдодааш Қасри Миллат, маҷмааи ёдгорӣ бо муҷассамаи Исмоли Сомонӣ [1] [2], маҷмааи ёдгории «Ватан» (Душанбе, 1975) [3], чойхонаи Саодат (1984), Душанбе-Плаза, Осорхонаи бостоншиносӣ ва кишваршиносӣ, Амфитеатр барои 3000 ҷойи нишаст, муҷассамаи «2700-солагии Кӯлоб», Хонаи дӯстӣ дар Австрия, Маркази ҳисоббарорӣ, бинои истиқоматии Пойтахт-80 (2007) [4], фаввора дар майдони Бӯстон (Душанбе) ва ғайра.

Заҳматҳои эҷодии устод дар мисоли биноҳо ва иншооти такрорнашавандаи сохта ва ба истифода дода шуда ба монанди: чойхонаи “Саодат”, Маҷмааи “Модар-Ватан”, “Маҷмааи меъморӣ бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Қасри миллат”, биноҳои “Душанбе-Плаза”, “Пойтахт-80”, “Амфитеатр”, маҷмааи 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ ва садҳо дигар лоиҳаҳои сохтмонҳои нодир мебошанд, ки имрӯз шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳои кишварро оро дода, ба намои онҳо ҳусни тоза зам мекунад. Инчунин лоиҳаҳои ин меъмори варзида шаҳрҳои хориҷ аз ҷумҳурӣ, аз ҷумлаи Ҳиндустон, Австрия, Русияро оро дода, санъати меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро муаррифӣ менамоянд. Ҳар як лоиҳаи эҷод намудаи ин меъмори боистеъдод маънои ба худ хос дошта, шахсро ба олами меъмории қадима мебарад ва дар бораи фарҳанги қадимаи тоҷикон нақл мекунад. Академик Баҳовадин Абдулсаидович Зуҳурдинов аъзо-корреспонденти Академияи давлатҳои шарқ, аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии байналмилаллӣ, аъзои комилҳуқуқи байналмилаллии ТДМ “Хабитат”, аъзои Шӯрои байнидавлатии кишварҳои мустақил оид ба меъморӣ ва сохтмон мебошад. [5] Узви фаъоли Академияи байналмилалии меъморӣ, Академияи кишварҳои Шарқ, Академияи муҳандисии Тоҷикистон [6] .

Академияи меъморӣ ва сохтмон вироиш

Барои амалӣ гаштани мақсадҳои дар дил дошта Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаидович сараввал Ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил кард, чунки меъморӣ ҳамчун шакли муҳимтарини санъат аз ҳисоби фаъолияти эҷодӣ аз байн рафта истода буд ва инкор кардани лоиҳаҳо ҳамчун санъати меъморӣ ба талабот ҷавоб намедод. Биноҳо ба анбӯҳи қуттиҳои оҳанӣ мубадал гардида, ба пастшавии умумии маданияти тарбиявӣ ва маънавии аҳолӣ оварда мерасонд. Меъморон ва сохтмончиён пароканда ва консепсияи ягонаи меъморӣ-сохтмониро надоштанд. Аз ин лиҳоз барои ташкил намудани Академия меъморон ва сохтмончиён гурӯҳи ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла Сохтмони давлатӣ (Госстрой), Вазорати сохтмон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, департаменти истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва дигар корхонаҳои сохтмонӣ дар ташкил кардани ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳуриявӣ бо мақсади муттаҳид намудани мутахассисон ва олимони соҳаи меъморӣ ташаббус зоҳир карданд. Бо ҷидду ҷаҳди фаъолонаи раиси Сохтмони давлатии онвақта, баъдан Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаидович Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бақайдгирии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид. Баъдан интихоботи аъзо-корреспондентҳо ва мушовирони академикӣ ба амал омада, сарвари аввали иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурдинов Баҳовадин Абдулсаилович интихоб гардид. Ташаббуси Баҳовадин Зуҳурдинов аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт ва дар бораи муҳим будани ташкили Академияи меъморӣ ва сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ва расонидани кӯмак ба фаъолияти он Фармоиши Ҳукумат таҳти №147р баромад. Ҳамин тавр Баҳовадин Абдулсаидович меъморону шаҳрсозон, сохтмончиёну олимон, академияи илмҳо, академияи муҳандисӣ, академияи байналмилаллии илмҳои педагогӣ, ходимони хизматнишондодаи маданият, илму фарҳанг ва техникиро муттаҳид намуд.

Ташкилоти илмӣ-эҷодии ғайрибуҷавии Академия таҳти роҳбарии Академик Баҳовадин Зуҳурдинов аз солҳои аввали фаъолияташ нақшаи маҷмӯи проблемаҳои дар ҷумҳурӣ ҷойдоштаро омода намуд. Аз ҷумла: аз нав барқароркунии комплекси сохтмонӣ; суръат бахшидан ба кашфиёти иқтисодӣ; суръат бахшидани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва маишӣ, ки ба талаботи аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ ҷавобгӯ бошанд; кашфиёти меъморӣ бо нақшаи омода намудани хусусиятҳои миллӣ; чорабиниҳои босамараи нигоҳдорӣ ва омӯзиши меъмросии таърихии ниёгон ва ғайраҳо. Баҳри иҷрои нақшаи омодагардида мутахассисони варзидаи меъморӣ-сохтмонӣ, олимони соҳа фаъолона ба кор шурӯъ карданд. Аз ҷумла, яке аз аввалинҳо шуда Пажӯҳишгоҳи илмӣ-истеҳсолии масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии техникии Тоҷикистон, “Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-истеҳсолии САНИИОСП”, “Шаҳрофар”, “Саноатсоз”, “Душанбешаҳрсоз”, Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.Осимӣ, “Тоҷикгидроэнергопроект”, Департаменти истеҳсолии масолеҳи бинокорӣ ва бисёр дигар вазорату корхонаҳо аъзоёни комилҳуқуқи академия гардида, дар ин ҷода саҳми босазо мегузоранд. Дар қатори онҳо азоёни ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Н.Н.Неъматов, шодравон А.М.Мухторов, доктори илмҳо Гузел Майдинова, Абдуллоҷон Мирбобоев, Маннон Рӯзиев, ҷоизадорони мукофоти давлатии Тоҷикистон, ходимони хизматнишондодаи илм ва фарҳанг шодравон В.Г.Веселовский, С.Д.Исоев, О.Ғ.Оқилов сабиқ сарвазири Тоҷикистон, Б.Д.Ҷабборов, шодравон Ғ.О.Орипов, С.Шарипов, С.Шералиев, З.Б.Ҳасанов, инчунин дастаи калони олимон аз ҷумла Солия Мамадҷонова, аввалин зани тоҷик, Академики соҳаи меъморӣ дар Осиёи Миёна, Академик Рустам Муқимов аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва дигарон ҳамроҳ шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Академия нафақат барои додани унвони фахрӣ ташкил ёфтааст, балки барои таъмин намудани алоқаи байни ҳамдигарии тадқиқотҳои илмӣ ва мукаммал кардани соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва илмҳои сохтмонӣ, аз худ намудани дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот, ёрии таҷрибавӣ расондан дар кори аз нав барпошавии симои меъмории шаҳрҳо ва деҳаҳои хароб гашта ва додани обу ранги хусусияти миллидошта мебошад. Дар солҳои фаъолияташ ба Академия муяссар гардид, ки, ба тайёр ва истифода додани барномаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ба монанди ТДМ “Ҳабитат” дар ҷойҳои аҳолинишин, барномаи ҷумҳуриявии “Манзил”, лоиҳасозӣ ва сохтмони иншооти муҳиму аввалиндараҷаи давлатӣ ба монанди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, хати гази Хоҷа-Сартез, роҳи автомобилгарди Мурғоб-Кулма-Қароқурум ва ғайра фаъолона иштирок намуда, саҳми босазои худро гузорад. Академия ба Сарварии Баҳовадин Зуҳурдинов аз рафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва ҷамъиятии кишвар қафо намонда, дар ҷунбиши ягонагии миллӣ ва барқароршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи он фаъолона иштирок кард. Олимони Академия дар канор наистода, ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва тарғиби барқароркунии меъроси меъмории Тоҷикистон машғул шуданд. Дар ин самт муддати ду сол Баҳовадин Зуҳурдинов экспедитсияи махсус ташкил намуда, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо иштироки таърихшиносон, меъморон, аспирантҳо ва донишҷӯёни соҳаи меъморию сохтмониро равона сохт. Дар натиҷаи ин таҳқиқоти илмӣ як қатор рисолаҳо аз қабили “Масҷиди Тоҷикистон”, “Мазорҳои Тоҷикистон”, “Мадрасаҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон” ба чоп расонида шуданд. Дар Академия мунтазам корҳои илмӣ дар соҳаи меъмории ҳозиразамони Тоҷикистон баргузор мегарданд. Олимони академия бо якҷоягии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон “Маҷмӯи даврии корҳои илми”-ро таъсис доданд, ки он дар бораи услуби кори эҷодии меъмор-лоиҳасози ҳозиразамон, ки аз таҷрибаи охирини масъалаҳои меъмории ҳозиразамони Тоҷикистон ва пешбинии роҳҳои ба он бахшидани хусусиятҳои ба худ хоси милли дошта нақл мекунад. Китоб бо номи “Меъмор Баҳовадин” дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван бо дастгирии Вазорати шаҳрсозӣ ва Пажӯҳишгоҳи меъмории Ҷумҳурии Арманистон нашр гардид.[7]

Мукофотҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 ЦентрАзия.
  2. А.Бондаренко, 2001.
  3. Душанбинский парк Лучоб
  4. Жилые дома(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). ГК «СтройИнвест». 12 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 апрели 2017.
  5. Ним аср дар хизмати Ватан!
  6. Члены(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Инженерная академия Таджикистана (3 ноябри 2014). 12 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 апрели 2017.
  7. Ним аср дар хизмати Ватан!

Адабиёт вироиш

  • Бондаренко А. Связь времен — Наследие великого правителя. М.,2001.

Пайвандҳо вироиш